Кадом риштаҳои варзишӣ решаи эронӣ доранд?
-
Ҳасани Яздонӣ, қаҳрамонии куштии озоди Эрон
Порс-Тудей. Эрон бо пешинае ғанӣ дар фарҳангу таърих, нақши муҳиме дар пайдоишу тавсеаи бисёре аз варзишҳо доштааст.
Эрон бо тамаддуне чандҳазорсола на танҳо дар арсаҳои ҳунар, меъморӣ ва фалсафа нақши барҷастае ифо карда, балки дар шаклгирӣ ва тавсеаи бархе аз варзишҳои суннатӣ ва рақобатӣ низ саҳми қобили тавваҷуҳе доштааст. Бисёре аз ин риштаҳои варзишӣ илова бар ҷанбаҳои ҷисмонӣ, ҳомили мафоҳими ахлоқӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ҳастанд. Дар ин матлаб аз “Порс-Тудей” нигоҳе ба бархе аз варзишҳое, ки решаи эронӣ доранд ва имрӯза на танҳо дар Эрон, балки дар манотиқи дигари ҷаҳон ҳам маъруфу марсум ҳастанд, андохта шудааст.
Чавгон
Чавгон яке аз қадимитарин варзишҳои ҷаҳон аст, ки решаҳои он ба Эрони бостон бозмегардад. Ин варзиш дар замони Ҳахоманишиён (550 то 330 пеш аз мелод) ва Сосониён ( 224 то 651 милодӣ ) маҳбубият дошт ва ба унвони навъе тамрини низомӣ барои сарбозон истифода мешуд. Чавгон на танҳо як бозии рақобатӣ буд, балки ба унвони намоди маҳорат, қудрату ҳамкорӣ дар Эрон шинохта мешуд. Ин варзиш баъдҳо ба Ҳинд ва сипас ба Аврупо мунтақил шуд ва ба шакли модернтар дар ҷаҳон густариш ёфт.
Варзиши паҳлавонӣ (зӯрхонаӣ)
Варзиши зӯрхонаӣ, ки ба унвони яке аз қадимитарин варзишҳои Эрон маъруф аст, бо таърихе баланд ба адвори Сосониён ва қабл аз он бозмегардад. Ин варзиш на танҳо амалкарди баданӣ, балки ахлоқиёту худсозиро тарвиҷ медиҳад. Имрӯза ин варзиш ба унвони яке аз меросҳои фарҳангии ЮНЕСКО ба сабт расидааст.
Куштӣ
Куштӣ ё гӯштӣ яке аз муҳимтарин варзишҳои суннатии Эрон аст, ки таърихе тӯлонӣ дорад. Ин варзиш дар Эрон ҳамвора бо мафоҳими паҳлавонӣ, эҳтирому рақобати солим ҳамроҳ будааст. Эрон ҳамвора ҷузви номдорони ҷаҳонии ин риштаи варзишии пуртарафдор будааст.
Партоби найза
Партоби найза яке аз варзишҳои суннатии Эрон аст, ки барои намоиши қудрату маҳорат дар майдонҳои набард истифода мешуд. Имрӯза ин варзиш дар қолаби бозиҳову мусобиқоти ҷаҳонӣ анҷом мешавад ва ҳанӯз ҷаззобияти худро ҳифз кардааст.
Зу - илҳомбахши кабаддӣ
Зу яке аз бозиҳои суннатии эронӣ аст, ки шабоҳати зиёде ба кабаддӣ дорад. Ин бозӣ бештар дар навоҳии рӯстоӣ ва ашоирии Эрон ривоҷ дошта ва ба унвони як бозии рақобатӣ ва саргармкунанда барои кӯдакону навҷавонон шинохта мешавад. Зу ба тамаркуз, ҳамоҳангии тимӣ ва чобукӣ ниёз дорад. Бархе аз муҳаққиқон муътақиданд, ин варзиш метавонад ба навъе илҳомбахш ё муртабит бо кабаддӣ буда бошад, ки дар шибҳи қораи Ҳинд тавсеа ёфтааст.
Аспсаворӣ
Ҳарчанд ҳамаи милали қадимии ҷаҳон аспсаворӣ мекарданд, вале ба гувоҳии асноди таърихӣ эрониён аввалин мардумоне буданд, ки истифода аз аспро барои аҳдофи низомӣ ва варзишӣ тавсеа доданд.
Рогбӣ
Дар бархе аз мутуни таърихӣ ишора шудааст, ки эрониён бозиҳое бо тӯб доштаанд, ки баъдҳо ба бозиҳои модерн монанди рогбӣ илҳом бахшид. Ин бозиҳо маъмулан дар фазоҳои боз анҷом мешуд ва таркибе аз суръат, чобукӣ ва маҳорат буд.