Сафари пойизӣ ба Чобаҳор؛ Таҷрубаӣ аз табиат ва фарҳанг
-
Сафари пойизӣ ба Чобаҳор؛ Таҷрубаӣ аз табиат ва фарҳанг
Порс Тудей-Чобаҳор, шаҳри дар оғӯши дарёи Уммон, ҷое аст, ки табиати бекр, фарҳанги ҷунуб ва уфуқҳои ҷаҳонӣ дар ҳам меомезанд. Ин шаҳр дар ҷануби шарқи Эрон, бо обҳу ҳавои муътадил, савоҳили мунҳасир ба фард, кӯҳҳои мерихӣ ва толобҳои рангоранг, мақсади ҷаззоб барои гардишгарон аст.
Дар фасли пойиз, бандари Чобаҳор дар ҷунуби шарқи Эрон бо обҳои гарму дилпазир, манозири шигифтангез ва оромиши беназир, ба мақсади руёӣ барои сафар табдил мешавад. Ба гузориши Порпс Тудей, ин бандари ҷанубӣ, бо таркиби зебои бекр ва мавқеъияти роҳбӯрдии иқтисодӣ, таҷрибаи мунҳасир ба фард аз табиат, фарҳанг ва уфуқҳои ҷаҳониро пеши руйятон мегузорад.
Сафар ба Чобаҳорро аз турӯъи хуршед дар бандар оғоз мекунем؛ ҷое, ки мавҷҳои қиссаи ҷунубро замзама мекунанд.

Дар дили соҳили Макурон, толоби Липор бо ранги суртаии мунҳасир ба фард ва ҳузури фаломингуҳо, яке аз шигифтиҳои табиати Эронро ба намоиш имегузорад.

Кӯҳҳои мерихии Чобаҳор, яке аз мунҳасир ба фардтарин ҷилавҳои табии Эрон ҳастанд, ки дар масири ҷоддаи Чобаҳор- Гувотир қарор доранд. Ин кӯҳҳо бо фурумҳои фарсоишии аҷиб, рангҳои хокистарӣ ва бофти шабеҳ ба сатҳи саёрот, манзареи фарозаминӣ халқ кардаанд, ки дар нури талои пойиз, ба тарзи хира кунандаи зебо ва розолуд мешаванд.

Соҳили Дарак дар бандари Чобаҳор яке аз нодиртарин чашмандозҳои табии Эронро ба намоиш мегузоранд ؛ Ҷое, ки шинҳои доғи кавири бевосита ба мавҷҳои дарёи Уммон мерасанд. Ин талақии шигифтангез, ҳисси сафар ба ду иқлими мутафовитро дар як қоб ба гардишгар ҳадия медиҳад. Ғурӯбҳои соҳили Дарак, бо рангҳои оташин ва сукути шоирона, таҷрубаи фаромуш нашуданӣ халқ мекунанд.

Бозорҳои маҳалаи шаҳри Чобаҳор, қалби тапандаи фарҳанги ҷануби Эрон аст. Ҷое, ки атри адвияҳо, ранги порчаҳои балучӣ ва ҳунари дастии занону мардони бумии Эрон, таҷрӯбаи зинда аз зиндагӣ ва сунатро пеши руятон мегузорад. Қадам задан дар ин бозорҳо, сафарӣ ба умқи ҳувияти минтақаи Макурон аст.

Соҳили сахраи Тис, яке аз зеботарин ва мутафовиттарин чашмандозҳои Чобаҳор аст, ҷое, ки сахраҳои тарош хурдаи табиӣ дар канори обҳои нилдгуни дарёи Уммон, манзараи хира кунандаи халқ кардаанд. Ин соҳил, ба вижа дар ғурубҳои пойизӣ, бо нури норинҷии хуршед ва сояҳои сахраҳо, ба яке аз маҳбубтарин қобҳои аккосӣ дар ҷунуби шарқи Эрон табдил шудааст.

Барои сафар ба Чобаҳор, метавонед аз массири ҳавоӣ, заминӣ ё рейлӣ истифода кунед. Парвози мустақим аз Теҳрон, Машҳад ва Бандар Аббос ба фурудгоҳи Чобаҳор (Канорак) дар дастрас ҳастанд.Ҳамчунин масири заминӣ аз тариқи ҷоддаҳои ҷунуби Систон ва Балучистон ба вижа аз Зоҳидон, таҷрубаи пурмоҷаро ва дидании хоҳад буд. Агар аҳли сафар бо қатор ҳастед, метавонед то Зоҳидон бо Қатор биравед ва аз онҷо масири заминиро идома медиҳед.