Андешаҳои имом Хоманаӣ| Миллати Эрон таслими зӯргӯӣ намешавад
-
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломии Эрон
Порс-Тудей. Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломии Эрон, ҳадаф аз эъмоли таҳримҳоро таслими хостаҳои зӯрмадоронаву таваққуоти қудратталабонаи онҳо донистанд ва таъкид карданд: Миллати Эрон таслими чунин зӯргӯӣ намешавад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз KHAMENEI. IR, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари инқилоби исломӣ дар яке аз дидорҳо бо коргарони Эрон гуфтанд: Мо солҳост бо таҳримҳои шадид мувоҷеҳем, таҳримҳое, ки худи таҳримкунандаҳо, яъне умдатан амрикоиҳо ва ба табаъи онҳо баъзе аз аврупоиҳо гуфтанд, ин таҳримҳое, ки нисбат ба Эрон анҷом гирифта, дар таърих бесобиқа аст! Худашон гуфтанд. Хуб, аввалан ҳадаф аз ин таҳримҳо чист? Онҳо як аҳдоферо зикр мекунанд, вале дурӯғ мегӯянд. Ҳадаф инҳо нест. Баҳси энержии ҳастаиро матраҳ мекунанд, баҳси силоҳи ҳастаиро матраҳ мекунанд, баҳси ҳуқуқи башарро матраҳ мекунанд, масъала инҳо нест. Намегӯянд, мо Эронро таҳрим мекунем ба хотири инки аз терроризм ҳимоят мекунад! “Терроризм” кист? Мардуми Ғазза!? Мардуми Ғазза аз назари он ҳазарот террористанд! Як режими хабиси ҷаълии ғосиби бераҳме даҳҳо ҳазор одамро, ки чанд ҳазор нафарашон кӯдаканд, ба қатл мерасонад, қатли ом мекунад, аммо ӯ террорист нест ва он мардуме ки зери бомбаборони ӯ ҳастанд террористанд! Пас ин баҳонаҳо, баҳонаҳои дурӯғин аст. Ҳадаф аз таҳрим, ин масоил нест. Ҳадаф аз таҳрим дар тангно гузоштани Эрони исломӣ аст. Мехоҳанд Ҷумҳурии исломии Эронро бо таҳрим дар тангно бигузоранд, ки чӣ бишавад? Яъне ки аз хутути истеъморӣ ва истикбории онҳо пайравӣ кунад, таслими хостаҳои зӯрмадоронаву таваққуоти қудратталабонаи онҳо бишавад, сиёсатҳояшро тобеи сиёсатҳои онҳо бикунад, ҳадаф ин аст.
Миллати бузургу бособиқаи Эрони исломӣ маҳол аст, ки таслими як чунин зӯргӯӣ бишавад.
Имом Хоминаӣ афзуданд: Дар заминаҳои сиёсӣ, дар заминаҳои иқтисодӣ, дар тадобири куллии кишвар, онҳо табаияти маҳз мехоҳанд. Мегӯянд, аслан дар муқобили мо таслим бишавед. Ҳамон вазъе ки баъзе аз давлатҳо доранд, ки мебинед, медонед. Сарваташон дар ихтиёри онҳо, обрӯяшон дар дасти онҳо, сиёсаташон дунболаравӣ аз онҳо, онҳо инро мехоҳанд. Хуб маълум аст, ки низоми исломӣ, ғайрати исломӣ, миллати бузургу бособиқаи исломӣ маҳол аст, ки таслими як чунин зӯргӯе бишавад.
Раҳбари инқилоби исломӣ хотирнишон карданд: Таҳримҳо муҷиби шукуфоии истеъдодҳо дар даруни Эрон мешавад. Ҳамин таҳримҳо муҷиби бурузи зарфиятҳои Эрон мешавад. Эшон ҳамчунин афзуданд: Ин таҳримҳо асараш ба тадриҷ дорад камранг мешавад, чанд сол таҳрим карданд, диданд фоидае надорад. Манобеи муътабари ҷаҳонӣ мегӯянд, рушди тавлиди нохолиси миллии Эрон дар ин сол, аз соли қабл бештар аст. Хуб, чаро бештар аст? Чун бештар кор мекунанд, чун беҳтар кор мекунанд, чун таҳримҳо онҳоро аз по дарнамеоварад, чун дил ба кумаки берун аз кишвару берун аз марзҳо намебанданд. Инро бояд тақвият кард, ин рӯҳияро боястӣ дар кишвар афзоиш дод.
Таҳримҳо фурсат аст
Дар ҳамин ҳол имом Хоманаӣ дар яке аз дидорҳо бо тавлидкунандагону фаъолони иқтисодии Эрон гуфтанд: Мо мушкилоти хориҷӣ, таҳриму душманиҳои гуногун дорем, аммо ҳаминҳо ҳам метавонад барои мо фурсат бишавад. Агарчӣ таҳрим зарбазананда ва бидуни тардид мушкилдурусткун аст, аммо аз он ба унвони як фурсат барои пешрафтҳои мухталиф мешавад истифода кард.
Ҳамаи пешрафтҳои Эрон дар даврони таҳрим буд
Раҳбари инқилоби исломӣ ҳамчунин дар суханоне дар иҷтимои зоирону муҷовирони ҳарами мазҳари Разавӣ низ афзуданд: Мо пешрафтҳое пайдо кардаем ва ҳамаи ин пешрафтҳо дар даврони таҳрим буд. Дар чунин шароите миллати Эрон дар заминаҳои илму фанноварӣ, бахшҳои саломат, ҳастаӣ ва дифоӣ пешрафт кард.