Январ 20, 2017 21:20 Asia/Dushanbe
  • Эъломи азои умумӣ дар Эрон дар пайи ҳодисаи “Пласко”

Дар пайи ҳодисаи фурӯ рехтани сохтмони “Пласко” дар Теҳрон ва ҷон бохтани теъдоде аз маъмурони оташнишонӣ, ҳайати давлати Эрон бо судури иттилоияе фардо (шанбе)-ро азои умумӣ эълом кард.

Дар матни иттилоияи ҳайати давлати Эрон омадааст, ҳодисаи талху андӯҳбори оташсӯзӣ ва фурӯ рехтани сохтмони “Пласко” дар маркази Теҳрон, ки ба ҷон бохтану осеб дидани теъдоде аз мардум ва оташнишонони мутааҳҳиду пуршаҳомат анҷомид, мояи таассуфу андӯҳи фаровон шуд.

Дар ин иттилоия таъкид шудааст: “Дар пайи ин ҳодисаи дардноку таассуфбор, ҷилвае пуршукӯҳ аз исору фидокории оташнишонони шуҷоъ дар баробари дидагони миллати Эрону ҷаҳониён ба намоиш гузошта шуд”.

Ба гуфтаи Ҷалоли Маликӣ, сухангӯи Созмони оташнишонӣ ва хадамоти эминии шаҳрдории Теҳрон, бо тавваҷуҳ ба ҳаҷми зиёди вайронаи сохтмони тахрибшудаи “Пласко” ва шуълаҳои наҳуфтаву ҳарорати зиёд наметавон интизор дошт, афроди боқимонда дар зери хароба зинда бошанд.

Субҳи рӯзи панҷшанбе ҳодисаи оташсӯзӣ ва резиши сохтмони “Пласко”-и Теҳрон боиси ҷон бохтану осеб дидани теъдоде аз маъмурони Созмони оташнишонии Эрон шуд.