Январ 21, 2017 21:19 Asia/Dushanbe
  • Паёми раҳбари муаззами инқилоб ба Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо, ҷавонӣ ва донишҷӯиро ҳамчун пешроне пурқудрат, тавсиф карданд, ки инсонро дар расидан ба ормонҳои воло ёрӣ мекунад.

Раҳбари муаззами инқилоб дар ин паём тасреҳ карданд, интизор аз шумо азизон коре беш аз худсозии илмӣ ва динӣ ва ахлоқӣ буда ва интизор он аст, ки бар муҳити перомуни худ асар гузоред ва бар раҳравони роҳи Худо бо гуфтору амали худ биафзоед.

Таъкид бар нақши асаргузори ҷавонон дар тарвеҷи андешаи ноби илоҳӣ, дорои мафҳуме амиқ аст. Ин асаргузорӣ дар шароити кунунӣ, ки ҷавонон дар бархе ҷавомеъ дар доми идеологияҳои ифротгароёна гирифтор шудаанд, дорои аҳаммиятии сарнавиштсоз аст. Ҷавонон ба ҳамон андоза, ки созанда ва сармояҳои оянда ҳастанд, ба ҳамон андоза низ дар маърази таҳоҷумҳои фикрӣ-фарҳангӣ ва ҷарёнҳои ифротгароёнаи ношӣ аз идеологияи таҳрифшудаи ба номи мазҳаб ҳастанд. Осори ин падидаи ноҳанҷорро метавон дар гароишҳои ифротӣ ва тафаккуроти нажодпарастона ва ё инҳирофоти ахлоқӣ ва фосила гирифтан аз маънавият ва дин дар ҷавомеи ғарбӣ дид, ки ба як муъзал табдил шудааст.

Раҳбари муаззами инқилоб дар ноябри соли 2015 дар номае хитоб ба ҷавонон дар кишварҳои ғарбӣ дар ин замина, сареҳу бепарда сухан гуфтанд. Эшон дар январи соли 2014 низ паёме бо ҳамин мазмун хитоб ба ҷавонони аврупоӣ ва Амрикоии шимолӣ содир карда буданд.

Фасли муштараки ҳарду нома тавсия ба ҷавонон дар хусуси шинохти мустақим ва бевосита аз ислом бахусус дар бораи торихи ислом ва гузаштаи истиъмор дар минтақа ва мутолиа ва пажуҳиш дар сохторҳои фикрӣ ва фарҳангӣ ва идеологияҳои мазҳабӣ аст.

Кишварҳое, ки имрӯз ба конуни иқдомоти террористӣ ва арсаи ҷавлони гурӯҳи ДИИШ табдил шудаанд, дар воқеъ бахше аз ҷавонони худро аз даст додаанд ва бо ин халаи бузург то солҳо ҳамчунон гирифтори масоили мухталифи иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ахлоқӣ хоҳанд буд. Нуфузи мухарриб дар андешаҳои ҷавонон ба маънои нобуд кардани зерсохтҳои ҷомеа ва суст кардан боварҳои динӣ ва ахлоқӣ аст. Имрӯз низ қудратҳои султаҷу ва дар раъси онҳо Амрико аз терроризм ва ифротгароӣ ба унвони василае барои нобудии ҷавонон ва эҷоди тазоду тақобул миёни ислому ғарб истифода мекунанд.

Яке аз масоиле, ки дар ин замина ба бисёре аз ҷавомеъ осеб зада, ғафлат аз нақши созандаи ҷавонон аст. Аҳаммияти ин мавзуъ сабаб шуд, Шӯрои амнияти Созмони милал ҳудуди ду ҳафта пас аз интишори дуввумин номаи раҳбари инқилоб хитоб ба ҷавонон дар ғарб бо тасвиби қатъномае бар нақши ҷавонон баунвони нерӯе муассир барои эҷоди бинои сулҳ ва муқобила бо ифротгарӣ таъкид кунад. Аҳмад Алҳандовӣ, намояндаи вижаи дабири кулли вақти Созмони милал дар умури марбут ба ҷавонон ин қатъномаро дастоварди чашмгире дар ҷиҳати тағйири зеҳнияти ҳоким дар мавриди ҷавонон донист ва онро изъон ба нақши барҷастае, ки ҷавонон метавонанд дар бинои сулҳи ҷаҳонӣ дошта бошанд, тавсиф кард. Ин ҳамон воқеиятест, ки дар паёми раҳбари муаззами инқилоб ба Иттиҳодияи анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо хотирнишон шудааст  .