Қолибоф: Режими саҳюнистӣ ва Амрико бо пешрафти кишварҳои исломӣ мухолифанд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i123198-Қолибоф_Режими_саҳюнистӣ_ва_Амрико_бо_пешрафти_кишварҳои_исломӣ_мухолифанд
Порс-Тудей. Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт: Режими саҳюнистӣ ва Амрико бо пешрафти кишварҳои исломӣ мухолиф ҳастанд.
(last modified 2025-12-01T09:24:39+00:00 )
Декабр 01, 2025 14:20 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар дидор бо Ҳокон Фидон, вазири хориҷаи Туркия
    Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар дидор бо Ҳокон Фидон, вазири хориҷаи Туркия

Порс-Тудей. Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон гуфт: Режими саҳюнистӣ ва Амрико бо пешрафти кишварҳои исломӣ мухолиф ҳастанд.

Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон рӯзи якшанбе дар дидор бо Ҳокон Фидон, вазири хориҷаи Туркия гуфт: Воқеият ин аст, ки режими саҳюнистӣ ва Амрико бо тақвият, ваҳдат, рушд, якпорчагӣ ва пешрафти кишварҳои исломӣ мухолифати деринаи ҷиддӣ доранд.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, Муҳаммадбоқири Қолибоф дар ин дидор бо ишора ба шароити вижа ва пуртаҳаввули минтақа изҳор дошт: Ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ миёни Эрону Туркия дар солҳои ахир аҳамияти вижае ёфтаву имрӯз низ ду кишвари мусулмон, дӯст ва таъсиргузор дар ҷаҳони Ислому уммати исломӣ бояд ин равобитро бо қудрати бештар дар масири иртиқову пешрафт қарор диҳанд.

Дар ин нишаст, ки бо тамаркуз бар абъоди мухталифи муносиботи дуҷониба, ҳамкориҳои иқтисодӣ, таҳаввулоти минтақа, масоили амниятӣ ва чорчӯбҳои муштараки ҷаҳони Ислом баргузор шуд, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон бар аҳамияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва зарфиятҳои марзиву лаҷистикӣ ишора карду афзуд: Равобити ду кишвар дар ҳавзаи табодулоти марзӣ, фаъолсозии манотиқи озоди муштарак, иртиқои тиҷорат миёни бахши хусусӣ ва тақвияти масирҳои расмии давлатӣ, аз ҷумлаи меҳварҳое аст, ки дар шароити феълӣ метавонад муҷиби истеҳкоми ҳарчӣ бештари равобит шавад.

Қолибоф бо ишора ба аҳамияти ҳамкориҳои иқтисодӣ ва зарфиятҳои марзиву лаҷистикӣ ва ҳамчунин бо эъломи инки ҳаҷми табодулоти иқтисодии Эрону Туркия акнун ҳудуди 20 миллиард доллар аст, хотирнишон кард: Ҳадафи муштараки ду кишвар, дастёбӣ ба сатҳи 30 миллиард доллар аст ва таҳаққуқи ин 10 миллиард доллари афзуда, ниёзманди ҳамкориҳои бештар аст.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон зимни ишора ба фишорҳои Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломӣ таъкид кард: Бо вуҷуди фишорҳои золимонаву таҳримҳои якҷониба, равобити Эрону Туркия дар сатҳи матлубе ҳифз шудааст, аммо табиист, ки бояд ин равобит тавсеа ёбад.

Ҳокон Фидон низ бо эъломи саломи раиси маҷлиси Туркия ва раиси ҷумҳурии ин кишвар ба миллату давлати Эрон, гуфт: Аз гузашта, ҳамвора муътақид будаам, ки Эрону Туркия аз ҳамаи зарфиятҳои худ барои ҳамкорӣ истифодаӣ комил намекунанд ва барои тавсеаи тиҷорати дуҷониба бояд дарвозаҳои марзиро бештар кунем.

Вазири хориҷаи Туркия ҳамчунин дар бораи масоили минтақаӣ низ афзуд: Аслитарин таҳдиди амниятии минтақа иқдомоти тавсеаталабонаи режими Исроил дар минтақа аст ва ҳамалоти ин режим алайҳи Ғазза, Фаластин, Лубнон, Эрон ва ҳатто Қатар ин мавзуъро аён кард.

Ҳокон Фидон дар поён бо баёни инки Эрону Туркия дӯсти рӯзҳои сахт ҳастанд, гуфт: Туркия дар ҷанги 12 рӯза дар канори мардуму давлати Эрон истод.