Устони Гулистон; муҳаррики саноати дастии Эрон
Порс Тудей- Устони Гулистони Эрон, ки муддатҳост ба далели мероси фарҳангии ҳафтҳазорсолаи худ шинохта мешавад, дар ҳоли табдил шудан ба яке аз пуётарин конунҳои саноеи дастии суннатии Эрон аст.
Устони Гулистон дар шимоли шарқии Эрон, ки умдатан бо маҳорати занони ҳунарманди рустоӣ ба пеш меравад, фаршҳо, мансуҷот, ҷавоҳирот ва маснуоти чӯбиаш на танҳо маишати ҷавомеи маҳаллиро таъмин мекунанд, балки ба бозорҳои ҷаҳонӣ, аз Осиёи Марказӣ то Аврупо низ роҳ ёфтаанд. Ба гузориши Порс Тудей, ин устон, ки хонае барои ақвоми мухталиф, ба вижа ҷомеаи туркман аст, суннатҳои ҳунарии деринаи худро ба яке аз шинохташудатарин брендҳои фарҳангии Эрон табдил кардааст.
Имрӯза гардишгарон барои кашфи манзараҳои табиӣ ба ин устон меоянд ва бо фаршҳое бо нақшу нигори ғанӣ, либосҳои сӯзандӯзишуда, гилемҳои намадӣ ва мансуҷоти дастбоф ба хона бозмегарданд. Бар асоси додаҳои расмӣ, ин устони шимолии Эрон, ки дар ҷануби шарқии баҳри Хазар воқеъ шуда, дар соли молии 1401-1402 (ки дар моҳи марти 1402 ба поён расид) беш аз 3.3 миллион доллар содироти саноеи дастӣ сабт кардааст.
Ақломи содиротӣ аз осори ҳунарии чӯбӣ ва саноеи дастии сангӣ то гилем, фарш, сӯзандӯзӣ, колоҳои чармӣ, сафолӣ ва порчаҳои дастбофро шомил мешавад.
Ин маҳсулот ба феҳристи мутанаввеъе аз мақсадҳо, аз ҷумла Туркманистон, Арманистон, Узбакистон, Булғористон, Олмон, Британия, Итолиё, Юнон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ирсол мешаванд.
Ин тақозои ҷаҳонӣ, нишондиҳандаи талфиқи беназири устон аз асолат, диққати ҳунарӣ ва рамзгароии фарҳангӣ аст, ки дар солҳои ахир таваҷҷуҳи фаровонеро ба худ ҷалб кардааст.
Ҳудуди 7500 саноатгар дар бахши саноеи дастии Гулистон фаъол ҳастанд ва таркиби ҷамъиятии он қобили таваҷҷуҳ аст: 95 дарсад аз ин тавлидкунандагонро занон ташкил медиҳанд, ки ҳудуди 70 дарсади онон дар манотиқи рустоӣ зиндагӣ мекунанд.
Дар рустоҳои пароканда дар Гургон, Оққалъа, Калола, Гунбади Ковус ва фаротар аз он, саноеи дастӣ беш аз як суннат аст; ин ҳирфа, хатти ҳаётии иқтисодӣ барои ҷомеаи маҳаллӣ ба шумор меояд.
Коршиносон муътақиданд бо тақвияти барномаҳои омӯзишӣ, беҳбуди дастрасӣ ба бозор ва густариши каналҳои содиротӣ, Гулистон метавонад ба яке аз пешрафтарин қутбҳои саноеи дастии кишвар табдил шавад.
Пояҳои ин таҳаввул ҳамакнун вуҷуд дорад: донише куҳан ба қадами қарнҳо, ҳунармандони моҳир ва ҳувияти фарҳангии мутамойиз.
Саноати дастии шохиси Гулистон
Фарши туркман
Машҳуртарин санаъати дастӣ дар устони Гулистон, ки аз шимол бо Туркманистон ҳаммарз аст, фарши туркман аст; намоде аз ифтихори минтақаӣ ва маҳорати устодкорӣ. Бо пешинае, ки ба ҳудуди 6000 сол мерасад, ин фаршҳо бо нақшҳои печидае ҳамчун «гули арсоӣ», «гули оина», «гули морӣ» ва «гули ҷувол» шинохта мешаванд.
Бофти фарш мунҳасиран тавассути занони туркман анҷом мешавад, ки тарҳҳо ва фанҳои онро аз насле ба насли дигар мунтақил мекунанд. Фаршҳои бофташуда тавассути тавоифи Теке, Отабой ва Ҷаъфарбойи ин устон ба вижа ба далели кайфият ва давоми боло шӯҳрат доранд ва тарафдорони зиёде дар кишварҳои ҳамсояи Эрон доранд.
Бофти гилем ва палос
Палос, навъе гилеми бепурз ва тахтбофт, яке дигар аз мансуҷоти суннатӣ бо решаҳои фарҳангии амиқ аст. Нақшҳои гулдори такрории он, ба вижа тарҳи рамзии «гули ойдэ» (гули нӯҳпар), бозтобдиҳандаи маониҳои рамзии арзишманде дар миёни ҷавомеи туркман аст. Оққалъа, Гунбади Ковус ва Калола қутбҳои аслии тавлиди он ба шумор мераванд.
Ҷоҷимча
Ин мансуҷи пашмӣ, ки тавассути занони рустои Зиёрат дар наздикии Гургон бофта мешавад, дар гузашта ба унвони зерандоз истифода мешуд. Имрӯза ба маводди муди рӯз барои сохтани киф, кӯсан ва тазйиноти хона табдил шуда ва татобуқпазирии муосиреро нишон медиҳад, ки реша дар суннат дорад.
Шолҳои абрешимии туркман
Яке аз шинохташудатарин савғотиҳои фарҳангии Гулистон, шоли бузурги абрешимии туркман аст, ки ба далели нақшҳои зинда ва зебоишиносии суннатии худ шӯҳрат дорад. Ин шолҳо, ки аз нахи абрешими бокайфият бофта мешаванд, ҳам дар сатҳи маҳаллӣ ва ҳам байналмилалӣ арзишманд ҳастанд.
Сӯзандӯзии суннатӣ
Сӯзандӯзии туркман, ки тавассути занон бо нахҳои рангӣ-равшан анҷом мешавад, барои тазйини кулоҳҳои кӯдакон, остинҳо, яқаҳо ва саростинҳои либоси занон ба кор меравад. Тарҳҳои ҳандасӣ ва рангҳои ҷасуронаи он, бозтобдиҳандаи қарнҳо тадовуми фарҳангӣ аст.
Намадмолӣ
Намадмолӣ дар Гулистон як санаъати дастии мутамойиз ва занмеҳвар аст. Бархилофи бисёре аз устонҳои дигари Эрон, ки мардон бар ин ҳирфа тасаллут доранд, занони туркман қоличаҳои намадӣ бо нақшҳое чун «гӯча», «ақраби зард», «тирона» ва «чашми шутур» меофаринанд. Ин нақшҳои рамзӣ аксаран аз аҳамияти фарҳангӣ бархурдоранд.
Абрешимбофӣ
Абрешимбофӣ бо решаҳое, ки ба давраи Сафавия бозмегардад, ҳамчунон яке аз асилтарин ва судгавартарин саноеи дастии устон аст. Ҷавомеи маҳаллӣ пиллаи кирми абрешим тавлид карда ва абрешимро ба ҳавле, шол, дастмол ва либосҳои суннатӣ табдил мекунанд. Ин порчаҳо маъмулан бо наворҳо, хонаҳои мураббаъӣ ва ҳошияҳои тазйинии рангоранг ороста мешаванд.
Ҷавоҳироти туркман
Дар миёни гардишгарони дохилӣ ва хориҷӣ, ҷавоҳироти нуқраи туркман, ки аксаран бо ақиқи қирмиз тазйин мешавад, яке аз пуртарафдортарин савғотиҳост.
Сарбандҳо, гарданбандҳо, камарбандҳо, гӯшвораҳо, ангуштарҳо ва дастбандҳо сирфан тазйинӣ нестанд; онҳо бозтобдиҳандаи ҳувияти иҷтимоӣ, вазъияти тааҳҳул ва суннатҳои деринаи туркман ҳастанд.
Мансуҷоти пахтаии суннатӣ
Занон дар саросари Гулистон, порчаҳои пахтаӣ мебофанд, ки ҳам барои ниёзҳои хонагӣ ва ҳам барои мақсадҳои тазйинӣ истифода мешавад. Ин мансуҷот, ки аз нахи пахтаии нарм тавлид шуда ва дар тайфи васеъе аз рангҳо мавҷуд ҳастанд, бозтобдиҳандаи халлоқияти рӯзмарраи ҳунармандони рустоӣ ҳастанд.
Ҳасирбофӣ
Ҳасирбофӣ ё кӯббофӣ низ яке дигар аз саноеи дастии муҳим, ба вижа дар рустоҳои Чақр, Меҳтаркалотеҳ ва Соликанда аст. Агарчи ин ҳунар замоне дар остонаи уфул буд, аммо ба лутфи талошҳои маҳаллӣ эҳё шуда ва ба сурати расмӣ ба унвони бахше аз мероси фарҳангии ғайримоддии Эрон сабт шудааст.