Баидинажод: Эрон дар баробари бадаҳдиҳои Амрико аҳромҳои муносибе дорад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i12364-Баидинажод_Эрон_дар_баробари_бадаҳдиҳои_Амрико_аҳромҳои_муносибе_дорад
Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Англия гуфт, Эрон дар баробари бадаҳдиву душманиҳои Амрико дар қиболи БАРҶОМ, аз аҳромҳои лозиме, ки дар ихтиёр дорад, истифода хоҳад кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 22, 2017 17:31 Asia/Dushanbe
  • Баидинажод: Эрон дар баробари бадаҳдиҳои Амрико аҳромҳои муносибе дорад

Сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Англия гуфт, Эрон дар баробари бадаҳдиву душманиҳои Амрико дар қиболи БАРҶОМ, аз аҳромҳои лозиме, ки дар ихтиёр дорад, истифода хоҳад кард.

Ҳамиди Баидинажод, сафири Эрон дар Англия рӯзи якшанбе дар ҷамъи донишҷӯён дар Маркази Анҷумани Исломии Донишҷӯии Лондон, бо ишора ба изҳороти Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи канор гузоштани БАРҶОМ афзуд: “Амрикоиҳо ба хубӣ медонанд, ки БАРҶОМ ҳосили музокироти чандҷонибаи сахт будаву ҳифзи он барои субот, амният ва сулҳи минтақаву ҷаҳон дорои аҳамият аст”

Баидинажод бо баёни ин ки Эрон ҳеч гоҳ ба амрикоиҳо хушбин набудааст, баён кард: “Идомаи рафторҳои Амрико ва нақзи эҳтимолии БАРҶОМ аз сӯйи ин кишвар, бо вокуниши ҷиддии Эрон мувоҷеҳ хоҳад шуд”.

Сафири Эрон дар Англия бо ишора ба нигаронии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аз сиёсатҳои Амрико дар даврони раёсати ҷумҳурии Трамп гуфт, дар ҳоли ҳозир оромиши давлату миллати Эрон аз бисёре аз қудратҳо бештар будаву далели он ин аст, ки пештар ба ин нуқта расида буданд ва интизори ҳамаи сенарияҳоро доштанд.

Баидинажод гуфт, Эрон дар ҳоли ҳозир назорагар аст то бубинад, ки Амрико аз худаш чӣ рафторе нишон медиҳад ва бар асоси он сиёсатҳои худро танзим мекунад.

Сафири Эрон дар Лондон афзуд, асноде, ки дар сатҳи байналмилалӣ мунташир шуда, нишон медиҳад, ки далоилу истидлолҳои зиёде вуҷуд дошт, ки Ғарб, ба вижа Амрико талош доштаанд аз мавзӯи ҳастаии Эрон ба унвони аҳроме барои муқобила бо инқилоби исломӣ ва Эрон истифода кунанд, аммо ин сиёсат боис нашуд, ки Теҳрон аз барномаи ҳастаияш ақибнишинӣ кунад ва таслим шавад.

 Сафири Эрон дар Англия таъкид кард, пазириши ҳаққи ҳастаии Эрон ва тасбити он, ки низоми ҷумҳурии исломӣ бар он исрор дошт, дар музокирот мавриди тавофуқ қарор гирифту бар ҳамин асос ҳамакнун ҳеч барномаи ҳастаӣ дар Эрон нест, ки ё таътил шуда бошад ё таъхире дар он иттифоқ афтода бошад.

Баидинажод баён кард, Эрон дар музокирот тавонист қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони милал, ки масъалаи ҳастаии Эронро таҳдиде зидди сулҳу амнияти байналмилалӣ дониста буд, лағв кунад, бидуни ин ки ба хостаҳои Шӯрои амният амал карда бошад.