6 медали намояндагони Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ
Порс Тудей - намояндагони Эрон дар шашумин давраи мусобиқоти ҷаҳонии Kun Khmer (ҳунарҳои размӣ) ба 6 медал (ду тилло, се нуқра ва як брунз) даст ёфтанд.
“Kun Khmer”, аз ҳунарҳои размии тавсеа ёфтааст, ки қидмати он ба қарни аввал пас аз мелод боз мегардад. Ин риштаи варзишӣ амиқан реша дар таърихи Камбоҷа дорад.
Шашумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонии Kun Khmer ба мизбонии Камбоҷа баргузор шуд ва тими миллии Эрон муваффақ ба касби чандин медали рангоранг дар ин рақобатҳо шуд.
Дар радаи синнии ҷавонон, Амиратои Беҳруш дар вазни 47 килограм бо намоиши муборизотии қудратманд, медали брунзи ин давра аз мусобиқотро аз они худ кард.
Дар бахши бузургсолон низ намояндагони Эрон хуш дурахшиданд ва дар вазни 54 килограм, Муҳаммадамини Раҷабӣ муваффақ ба касби медоли нуқра шуд. Дар вазни 60 килограм, Амирмуҳаммади Роъӣ бар саккӯи нойи қаҳрамонӣ истод ва медали нуқраро ба даст овард.
Дар вазни 73 килограм, Ҳодии Ҳусайнӣ соҳиби медали нуқра шуд. Дар вазни 81 килограм, Ориё Севандипӯр бо иқтидор ба медали тилло даст ёфт. Дар вазни 95 килограм, Мустафои Ҳоҷӣ Ҷаъфарӣ бо шоистагӣ унвони қаҳрамонӣ ва медали тиллоро касб кард.