Вазири фарҳанги Эрон: Терроризм марз намешиносад
Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон гуфт, терроризм ва ҷараёнҳои такфирӣ ва ифротӣ марз намешиносанд.
Ба гузориши ИРНА, вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, рӯзи душанбе дар маросими поёнии ҳамоиши байналмилалии гуфтугӯҳои фарҳангии Эрон ва ҷаҳон араб дар Машҳад (шимолу шарқи Эрон) афзуд, ироаи тасвири хашин аз ислом бузургтарин хатар барои ин дини Илоҳӣ буда, ки роҳи ҳалли он иттиҳоди исломӣ аст.
Ризо Солеҳи Амирӣ, тасреҳ кард, бояд бо ваҳдат, ҳамафзоӣ, кӯмак ба якдигар ва убур аз ихтилофоти мазҳабӣ дар масири иттиҳоди исломӣ гом бардошт.
Солеҳи Амирӣ, гуфтугӯҳои фарҳангиро бозгашт ба суннати маънавии ҷаҳони Ислом барои рафи сӯитафоҳумҳо донист ва ибрози умедворӣ кард, натиҷаи гуфтугӯҳои фарҳангии Эрон ва ҷаҳони араб дар Машҳад дар фазои пуртаниши кунунии минтақа ва ҷаҳон, панҷарае ба сӯи равшанӣ ва ҳамдилии фарҳангӣ бигушоед.
Нахустин Иҷлоси гуфтугӯи фарҳангӣ байни Эрон ва ҷаҳони араб аз рӯзи шанбе, бо ҳузур 85 нухба аз 12 кишвар ҷаҳони араб ҳамзамон дар Теҳрон, Машҳад, Қум ва Қазвин баргузор шуд.