Ироқчӣ: «Тарҳи Озодӣ»-и Амрико, тарҳи бунбаст аст
Порс Тудей — Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме навишт: «Тарҳи Озодӣ»-и Амрико дар nангаи Ҳурмуз, дар ҳақиқат «тарҳи бунбаст» аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва cимо, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон душанбешаб дар паёме дар шабакаи Х бо ишора ба тарҳи иддаоии артиши Амрико барои убури киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз, навишт: «Тарҳи Озодӣ» ё «тарҳи бунбаст»? Таҳаввулоти тангаи Ҳурмуз ба рӯшанӣ нишон медиҳад, ки як буҳрони сиёсӣ, роҳҳалли низомӣ надорад.
Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Дар ҳоле, ки бо талошҳои Покистон, музокирот дар ҳоли пешрафт аст, Амрико бояд ҳушёр бошад, ки ба дасти бадхоҳон, дубора ба як ботлоқ кашида нашавад; Иморот низ ҳамин тавр.
Ироқчӣ дар идома афзуд: Тарҳи Озодӣ, тарҳи бунбаст аст.