Сипоҳи посдорон: Дар сурати такрори таҷовуз посух комилан мутафовит хоҳад буд
-
Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ
Порс Тудей — Равобити умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар иттилоияе дар вокуниш ба таҷовузи Амрико ба Сирик дар ҷануби Эрон таъкид кард: «Дар сурати такрори таҷовуз, посух комилан мутафовит хоҳад буд».
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, равобити умумии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ субҳи рӯзи душанбе дар иттилоияе эълом кард: «Ба дунболи таҷовузи соате пеши артиши мутаҷовузи Амрико ба як бурҷи мухобиротӣ дар Сирик, воқеъ дар устони Ҳурмузгон, ҷануби Эрон, размандагони Нерӯи ҳавофазои Сипоҳ пойгоҳи ҳавоии мабдаи таҷовузро мавриди ҳадаф қарор доданд ва аҳдофи пешбинишуда мундамим шуд».
Нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорон ихтор дод, ки дар сурати такрори таҷовуз, посух комилан мутафовит хоҳад буд ва масъулияти он ба уҳдаи режими мутаҷовиз ва кӯдаккуши Амрико аст.