Шиллики ихтори мушакӣ-паҳподии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ба новшиканҳои Амрико
-
Мушаки Қадири Эрон
Порс Тудей — Равобити умумии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар иттилоияе аз шиллики ихтори мушакӣ-паҳподӣ ба самти новшиканҳои мутаҷовуз ва музоҳими амрикоӣ хабар дод.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, равобити умумии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа дар иттилоияе эълом кард, Нерӯи дарёии Артиши Эрон мушакҳои Қадир ва паҳподҳои таҳоҷумии ҷадиди «Шаҳид Доно»-ро ба самти новшиканҳои мутаҷовузи DDG-103 ва DDG-87 бо ҳадафи ихтор шиллик карда ва ин новшиканҳои душмани амрикоӣ Дарёи Умонро ба самти Уқёнуси Ҳинд тарк карданд.
Дар иттилоияи равобити умумии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон омадааст: Амалиёти шиллики ихтори Нерӯи дарёии Артиш бо ҳадафи муқобила бо шароратҳо ва амалиётҳои рубоиши шиноварҳои тиҷоратӣ ва нафткаш аз сӯи Нерӯи дарёии артиши террористии Амрико анҷом шудааст.
Маркази фармондеҳӣ ва контроли амалиёти Нерӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳушдор дод: Бо вуҷуди густариш ва дур шудани новҳои душман аз тирраси мушакҳо, дар сурати ниёз, мушакҳое бо бурди бештар истифода хоҳад шуд.