Январ 25, 2017 17:10 Asia/Dushanbe
  • Дидор ва ройзании вазирони умури хориҷаи Эрон ва Кувайт дар Теҳрон

Вазири умури хориҷаи Кувайт дар Теҳрон бо вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дидор ва гуфтугӯ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Шайх Сабоҳ Алхолид Алҳамад Алсабоҳ ва Муҳаммадҷаводи Зариф рӯзи чаҳоршанбе дар ин дидор дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба, таҳаввулоти минтақаӣ ва байналмилалӣ ва низ равобити Эрону Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс гуфтугӯ карданд .

Шайх Сабоҳ имрӯз ҳамчунин қарор аст, дар дидор бо раисҷумҳури исломии Эрон паёми катбии Шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷаббор Алсабоҳ, амири Кувайтро ба Ҳасани Рӯҳонӣ таслим кунад .

Вазири умури хориҷаи Кувайт асри рӯзи сешанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Йенс Столтенберг, дабири кулли Созмони паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) дар шаҳри Кувайт аз сафари як рӯзаи худ ба Теҳрон ва тақдими паёми катбии амири Кувайт ба раисҷумҳури исломии Эрон хабар дода буд .

Вазири умури хориҷаи Кувайт дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин таъкид карда буд, Эрон ва кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс шарикони якдигар дар минтақа ҳастанд ва масолеҳи муштарак доранд .

 

Барчасп