Баёнияи Вазорати хориҷаи Эрон дар бораи нақзи муҷаддади тафоҳум тавассути Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125012-Баёнияи_Вазорати_хориҷаи_Эрон_дар_бораи_нақзи_муҷаддади_тафоҳум_тавассути_Амрико
Порс Тудей — Вазорати хориҷаи Эрон дар бораи нақзи муҷаддади тафоҳум тавассути Амрико дар бомдоди 28-уми июни соли 2026 баёнияе содир кард.
(last modified 2026-06-28T10:44:12+00:00 )
Июн 28, 2026 15:38 Asia/Dushanbe
  • Вазорати хориҷаи Эрон
    Вазорати хориҷаи Эрон

Порс Тудей — Вазорати хориҷаи Эрон дар бораи нақзи муҷаддади тафоҳум тавассути Амрико дар бомдоди 28-уми июни соли 2026 баёнияе содир кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории «Меҳр», Вазорати хориҷаи Эрон дар бораи нақзи муҷаддади тафоҳум тавассути Амрико дар бомдоди якшанбе баёнияе содир кард.

Матни баёния ба шарҳи зерин аст:

Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамлаҳои ҳавоии артиши террористии Амрико дар соатҳои аввалияи бомдоди якшанбе 28-уми июни соли 2026 ба чанд таъсисоти поиш ва назорат дар соҳилҳои ҷанубии кишварро ба шиддат маҳкум мекунад. Ин ҳамлаҳои ваҳшиёна, ки нақзи ошкори банди 4-и моддаи 2-и Маншури Созмони Милали Муттаҳид ва низ нақзи сареҳи банди аввали ёддошти тафоҳуми хотимаи ҷанги таҳмилӣ ба таърихи 17-уми июни соли 2026 аст, нишон медиҳад ки режими Амрико камтарин арзиш ва эътиборе барои тааҳҳудоти худ қоил нест ва аҳдшиканӣ бахше аз моҳияти ин режим аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон зимни ёдоварии масъулиятҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ва дабири кулли ин созмон дар қиболи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ, бар азми худ барои дифоъ аз ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Эрон дар баробари таҷовузи низомии Амрико, вафқи моддаи 51-и Маншури Созмони Милал, таъкид мекунад.