Оини ташйиъи пайкари мутаҳҳари Оқои шаҳиди Эрон оғоз шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125086-Оини_ташйиъи_пайкари_мутаҳҳари_Оқои_шаҳиди_Эрон_оғоз_шуд
Порс Тудей — Пайкари мутаҳҳари Оқои шаҳиди Эрон ва хонаводаи эшон дақоиқе пеш бо ҳузури миллионии мардуми азодор дар Теҳрон оғоз шуд.
(last modified 2026-07-06T05:39:59+00:00 )
Июл 06, 2026 10:24 Asia/Dushanbe
  • Ташйиъи пайкари мутаҳҳари Оқои шаҳиди Эрон
    Ташйиъи пайкари мутаҳҳари Оқои шаҳиди Эрон

Порс Тудей — Пайкари мутаҳҳари Оқои шаҳиди Эрон ва хонаводаи эшон дақоиқе пеш бо ҳузури миллионии мардуми азодор дар Теҳрон оғоз шуд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, пайкари мутаҳҳари муҷоҳиди шаҳид ҳазрати Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, шаҳид Сайида Бушро Ҳусайнии Хоманаӣ, шаҳид Мисбоҳ-ул-ҳудо Боқирӣ, шаҳид Заҳро Ҳаддоди Одил ва шаҳид Заҳро Муҳаммадии Гулпойгонӣ бо ҳузури мардуми азодор дар Теҳрон дар ҳоли ташйиъ аст.

Қарор аст маросими ташйиъи пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоб ва хонаводаи эшон, рӯзи сешанбе 6-уми июл дар шаҳри муқаддаси Қум баргузор ва рӯзи панҷшанбе 8-уми июл дар Машҳади муқаддас ташйиъ ва дар ҳарами малакутии Имом Ризо (а) ба хок супурда шавад.

Ҳамчунин маросими вижаи видоъ ва ташйиъи пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоб рӯзи чоршанбе 7-уми июл дар шаҳрҳои Наҷаф ва Карбало аз ҷониби мардуми Ироқ низ баргузор хоҳад шуд.

Оятуллоҳ Ҷаъфар Субҳонӣ рӯзи гузашта (якшанбе 4-уми июл) дар Мусаллои Имом Хумайнӣ (р) бар пайкари мутаҳҳари Раҳбари муҷоҳиди шаҳид ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ (қаддасаллоҳу нафсаҳу-з-закия) ва хонаводаи эшон намоз иқома карда буд.