Зулқадр : Идомаи оташафрӯзии Амрико қуфли тангаи Ҳурмузро маҳкамтар мекунад
Август 01, 2026 10:04 Asia/Dushanbe
-
Муҳаммадбоқири Зулқадр-дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон
Порс тудей - Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт : Товони идомаи муҳосираи дарёӣ ва оташафрӯзии режими Амрикоро иқтисоди ҷаҳонӣ, бозори энержӣ ва раъйдиҳандагони амрикоӣ хоҳанд дод.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Муҳаммадбоқири Зулқадр-дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар паёме навишт : Идомаи муҳосираи дарёӣ ва оташафрӯзии режими Амрико , ҳам қуфли тангаи Ҳурмузро муҳкамтар мекунад ва ҳам тангаҳову галӯгоҳҳои дигарро мебандад.
Зулқадр таъкид кард : Товони онро иқтисоди ҷаҳонӣ , бозори энержӣ ва раъйдиҳандагони амрикоӣ хоҳанд дод .
Барчасп