Ғарибободӣ : Тафоҳуми Эрону Уммон ба маънои бозгушоии комили тангаи Ҳурмуз нест
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125306-Ғарибободӣ_Тафоҳуми_Эрону_Уммон_ба_маънои_бозгушоии_комили_тангаи_Ҳурмуз_нест
Порс тудей - Муовини вазири хориҷаи Эрон эълом кард тафоҳуми Эрону Уммон дар бораи тартиботи ҷадиди тараддуди киштиҳои тиҷорӣ дар танга(гулугоҳ)и Ҳурмуз ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шуда ва ин равиши нав ба маънои бозгушоии комили танга нест.
(last modified 2026-08-06T07:46:37+00:00 )
Август 06, 2026 12:40 Asia/Dushanbe
  •   Козими Ғарибободӣ-муовини вазири хориҷаи Эрон
    Козими Ғарибободӣ-муовини вазири хориҷаи Эрон

Порс тудей - Муовини вазири хориҷаи Эрон эълом кард тафоҳуми Эрону Уммон дар бораи тартиботи ҷадиди тараддуди киштиҳои тиҷорӣ дар танга(гулугоҳ)и Ҳурмуз ба марҳилаи ниҳоӣ наздик шуда ва ин равиши нав ба маънои бозгушоии комили танга нест.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА , Козими Ғарибободӣ , муовини вазири хориҷаи Эрон гуфт : Дар ҳоле, ки беш аз се ҳафта аз оғози ройзаниҳои фишурда миёни Ҷумҳурии исломии Эрону салтанати Уммон дар бораи масирҳои ҷадиди убӯру мурӯр мегузарад , ин гуфтугуҳо ба далели тағироти бунёдин дар шароити минтақа ва ҳамчунин ҳассосиятҳои торихии марбӯт ба тараддуди дарёӣ , раванди сода надоштааст .
Муовини вазири хориҷаи Эрон афзуд дар канори нақшаи масирҳо , мавзӯъоте монанди ҳокимияти давлатҳои соҳилӣ , тартиботи оянда , эҷоди як маркази муштараки ҳамоҳангӣ барои ҳидояти трафики баҳрӣ миёни Эрону Уммон ва ҳамчунин гирифтани иттилоот аз шиноварҳое, ки қасди убӯр аз тангаи Ҳурмузро доранд низ дар чорчӯби тафоҳум дар ҳоли ҷамъбандӣ аст.
Ӯ таъкид кард тафоҳуми ҷадиди Эрону Уммон ба маънои боз шудани комили тангаи Ҳурмуз нест ва иҷрои он шароити хоси худро дорад. Ғарибободӣ ҳамчунин гуфт Амрико таъаҳҳудоти худ зайли ёддошти тафоҳуми Исломободро нақз карда , муҳосираи дарёиро баргардонда ва ҷангро муҷаддадан оғоз кардааст ; аз ин рӯ Эрон иҷрои он чорчӯби пешинро дунбол намекунад ва ончӣ акнун дунбол мешавад , модели ҷадиди устувор бар шароити рӯз аст. Вай тасреҳ кард ин мавзӯ бояд сирфан байни Эрону Уммон пеш баравад ва Эрон барои ҳеҷ кишвари дигаре ҳаққи дахолат қоил нест.
Муовини вазири хориҷаи Эрон идома дод дар ин равиши нав масири ҷанубии танга масдуд мешавад ва масирҳои муваққатии қаблӣ канор гузошта хоҳад шуд . Ба гуфтаи ӯ бахши қобили таваҷҷӯҳе аз масири ҷадид дар обҳои сарзаминии Эрон ва бахше низ дар обҳои сарзаминии Уммон қарор дорад, то киштиҳои тиҷорӣ ҳам дар бахши вуруд ва ҳам дар бахше аз масири хурӯҷ аз обҳои сарзаминии Эрон гузар кунанд.
Ғарибободӣ хотирнишон кард ин масир муваққатӣ аст ва метавонад ҳудӯди ду то чаҳор моҳ ё бештар муътабар бошад ва барои вуруд ба марҳилаи дувум тасмимгирии нав пас аз эҷоди шароит ва тафоҳум бо Уммон лозим аст .
Дар поён муовини вазири хориҷаи Эрон ба мавзӯи замонати иҷро ишора кард ва гуфт дар шароити беэътимодӣ ба Амрико музокира анҷом шуда ва пуштибони ин масир « иқтидори Эрон »аст . Ӯ афзуд Эрон нишон дода, ки вобаста ба як тафоҳум нест ва агар тарафи муқобил пойбанд набошад , Эрон низ таъаҳҳудоти худро канор хоҳад гузошт ва дар сурати иқдоми зурмадорона  роҳбурди мутаносиб дар пеш гирифта мешавад .