Посухи Қолибоф ба Трамп: Ин дипломатияи намоишӣ, шикастхӯрда аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125318-Посухи_Қолибоф_ба_Трамп_Ин_дипломатияи_намоишӣ_шикастхӯрда_аст
Порс Тудей - Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар вокуниш ба иддаоҳои ахири мақомоти Амрико ба дипломатияи шикастхӯрда ва такрории онҳо ишора кард ва гуфт: Ин ҳарфҳо чизе ҷуз як дипломатияи намоишии такрорӣ нест.
(last modified 2026-08-07T06:04:23+00:00 )
Август 07, 2026 10:31 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон
    Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон

Порс Тудей - Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар вокуниш ба иддаоҳои ахири мақомоти Амрико ба дипломатияи шикастхӯрда ва такрории онҳо ишора кард ва гуфт: Ин ҳарфҳо чизе ҷуз як дипломатияи намоишии такрорӣ нест.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон дар вокуниш ба иддаоҳои ахири мақомоти Амрико ба дипломатияи шикастхӯрда ва такрории онҳо дар фазои маҷозӣ ишора кард ва навишт: Ҳамлаи бузурге дар роҳ аст, сабр кунед, онҳо мехоҳанд музокира кунанд. Ин ҳарфҳо чизе ҷуз як дипломатияи намоишии такрорӣ нест.

Вай гуфт: Истифода аз қулдурӣ, ваъдаҳои амалинашуда ва ахбори ҷаъалӣ ҳамчун аҳруми фишор барои музокира, як стратегияи шикастхӯрда аст.

Қолибоф таъкид кард: Воқеиятҳоро бипазиред ва ба тааҳҳудотатон амал кунед. Мо ба намоишҳои бештар ниёзе надорем.