Зулқадр: Бозшудани тангаи Ҳурмуз манут ба тасҳеҳи рафтори Амрикост
Порс Тудей, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар паёме гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳаргиз кӯтоҳ нахоҳад омад, чӣ дар ҷанг ва чӣ дар музокира.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Муҳаммадбоқири Зулқадр, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон дар паёме бо табрики Рӯзи хабарнигор ба хабарнигорони шуҷоъ ва сарбозони арсаи хабар, огоҳӣ ва иттилоърасонӣ бо ишора ба охирин вазъияти кишвару минтақа эълом кард, то Амрико рафторашро тасҳеҳ накунад, тангаи Ҳурмуз боз намешавад, тасҳеҳи рафтор яъне:
1 - Эронро ҳаргиз ва бо ҳеҷ забоне таҳдид ва ба муқаддасоти ин миллат тавҳин накунад
2 - Ба ҷанг ва таҷовуз алайҳи Эрону муттаҳидони Эрон дар Лубнон, Фаластини Яману Ироқ барои ҳамеша поён диҳад
3 - Муҳосираи дарёиро бардорад ва неруҳои низомии дарёӣ ва ҳавоии худро аз перомуни Эрон хориҷ кунад
4 - Хисоратҳои ду ҷанги таҷовузкорона ва таҳмилӣ ба Эронро бекаму кост бипардозад
5 - Таҳримҳои золимона ва ғайри қонӯнӣ алайҳи миллати Эронро бардорад
- 6 - Дороиҳои масдӯд шуда ва дуздида шудаи мардуми Эронро беқайду шарт озод кунад
Зулқадр бо баёни инки инҳо мутолиботи мардуми мабъусшудаи Эрон аст, ки дар саду шаст рӯзи ҳузури беамон дар майдону хиёбон онро фарёд задаанд, таъкид кард: Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳаргиз кӯтоҳ нахоҳад омад, чӣ дар ҷанг ва чӣ дар музокира.