Сухангӯи сипоҳ: Бозгушоии тангаи Ҳурмуз манӯт ба пазириши шурӯти Эрон аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125332-Сухангӯи_сипоҳ_Бозгушоии_тангаи_Ҳурмуз_манӯт_ба_пазириши_шурӯти_Эрон_аст
Порс Тудей - Сухангӯи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, бозгушоии тангаи Ҳурмуз тобеъи созу кор ва шароити ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва иртиботе ба музокироти Эрон ва Уммон надорад.
(last modified 2026-08-08T16:25:26+00:00 )
Август 08, 2026 21:13 Asia/Dushanbe
  • Сардор Ҳусайни Муҳибӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ
    Сардор Ҳусайни Муҳибӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ

Порс Тудей - Сухангӯи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ гуфт, бозгушоии тангаи Ҳурмуз тобеъи созу кор ва шароити ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст ва иртиботе ба музокироти Эрон ва Уммон надорад.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, сардор Ҳусайни Муҳибӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар бораи вазъияти масдӯд будани тангаи Ҳурмуз ва илзомоти бозгушоии он, изҳор дошт, бозгушоии тангаи Ҳурмуз созу кори ҳуқуқӣ ва дифоии хоси худро дорад ва ин мавзӯъ комилан мустақил буда ва ҳеҷ гуна иртиботе ба фароянди музокирот миёни Эрон ва Уммон надорад.

Вай бо таъкид бар нақши стротежии ин ҷуғрофиё афзуд, тангаи Ҳурмуз дар муҳосиботи Ҷумҳурии Исломии Эрон сирфан як гузаргоҳ ва оброҳи иқтисодӣ талаққӣ намешавад, балки зарфияту қудрати жиополитии бартари кишвар аст, ки бар асоси манвиёти дифоӣ ва ҳокимиятӣ аз он баҳра гирифта мешавад.

Сухангӯи Сипоҳи посдорон идома дод, бозгушоии ин танга комилан тобеъи шароите аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон расмият дода ва иблоғ кардааст. Наҳва ва замони бозгушоӣ, мустақиман ба мизони пазириши ин шароит аз сӯи Иёлоти муттаҳидаи Амрико бастагӣ дорад.

Сардор Муҳибӣ бо ишора ба коршиканиҳо ва мудохилаҷӯиҳои тарафи амрикоӣ дар муносиботи минтақаӣ тасреҳ кард, душман ночор аст барои бозшудани ин хутути мувосилотӣ, шурӯти қонӯнӣ ва мантиқии Эронро ба сӯрати комил бипазирад, Амрико бояд аз дахолат дар музокироте, ки миёни Эрону Уммон ё соири кишварҳои минтақа дар ҷараён аст ва мароҳили поёнии худро мегузаронад, ба таври комил худдорӣ кунад.

Вай дар поён таъкид кард, ҳар замон, ки тарафи амрикоӣ шароити Ҷумҳурии Исломии Эронро бипазирад ва аз рӯйкарди дахолатҷӯёнаи худ даст бардорад, қатъан шароит барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз фароҳам хоҳад шуд.