Сухангӯи артиши Эрон: Назми эронии ҳоким бар тангаи Ҳурмуз ғайриқобили бозгашт аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125334-Сухангӯи_артиши_Эрон_Назми_эронии_ҳоким_бар_тангаи_Ҳурмуз_ғайриқобили_бозгашт_аст
Порс Тудей - Сухангӯи артиши Эрон бо таъкид бар инки назми эронии ҳоким бар тангаи Ҳурмуз ғайриқобили бозгашт аст, гуфт: Амрико чорае ҷузи пазириши вазъияти мавҷӯд надорад ва гарна мутаҳаммили ҳазинаҳое ба маротиб бештар аз гузашта хоҳад шуд.
(last modified 2026-08-09T08:21:21+00:00 )
Август 09, 2026 13:10 Asia/Dushanbe
  • Сухангӯи артиши Эрон: Назми эронии ҳоким бар тангаи Ҳурмуз ғайриқобили бозгашт аст

Порс Тудей - Сухангӯи артиши Эрон бо таъкид бар инки назми эронии ҳоким бар тангаи Ҳурмуз ғайриқобили бозгашт аст, гуфт: Амрико чорае ҷузи пазириши вазъияти мавҷӯд надорад ва гарна мутаҳаммили ҳазинаҳое ба маротиб бештар аз гузашта хоҳад шуд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, амир сартип Муҳаммади Акрамӣ Ниё шанбешаб дар суханоне изҳор кард, ҳузури пуршӯру ҳамосии миллати Эрон дар хиёбонҳо, на танҳо рӯҳия ва ангезаи размандагони неруҳои мусаллаҳро барои дифо аз Эрон иртиқо бахшида, балки эҳсоси масъӯлияти коркунони неруҳои мусаллаҳро ба наҳви чашмгире, боло бурда то ҷое, ки мудофеъони кишвар барои дифо аз амният ва иззати миллӣ то охирин нафас истоданд.

Сухангӯи артиши Эрон таъкид кард, муқовимати миллати Эрон дар баробари Амрико, ҷойгоҳи Эрони исломиро дар миёни озодагону озодихоҳони ҷаҳон иртиқои бахшида ва имрӯз мардуми Эрон, ба унвони мардуми муқовим, басир ва шуҷоъ дар ҷаҳон шинохта мешаванд.

Вай бо баёни инки имрӯз душман дар баробари миллати Эрон ҳеҷ роҳбурди наҷотбахше надорад гуфт, асабоният ва ихтилофоти мақомоти амрикоӣ ва изҳороти зиду нақизи онон дар канори таҳдидоти воҳӣ, нишонгари истисолу дармондагии онон дар ҷанг бо Эрон аст.

Вай дар бахши дигаре аз изҳороти худ, ба вазъияти тангаи Ҳурмуз ишора ва таъкид кард, имрӯз назми эроне бар тангаи Ҳурмуз ҳоким аст ва неруҳои мусаллаҳи Эрони исломӣ, то тасбити комили ин назм, бо қудрат истодаанд. Неруҳои мусаллаҳ дар ин масир, ҳам аз ангеза ва иродаи мустаҳкам бархӯранд ва ҳам аз тавони дифои лозим.

Сухангӯи артиши Эрон дар идомаи изҳороти худ, бар истодагии неруҳои мусаллаҳ бавижа артиши ғаюри Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид ва ёдовар шуд, неруҳои мусаллаҳи Эрони исломӣ собит кардаанд, ки то охирин нафас дар масири дифо аз Эрони азизу низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон, фидокорӣ мекунанд.