Ироқчӣ: Эрон бар аҳди муқовимати худ бо вуҷуди ҳамаи фишорҳо побарҷо истодааст
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Эрон бар аҳди муқовимати худ ба рағми ҳамаи фишорҳо побарҷо хоҳад истод.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Саидаббоси Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар нишасти «Муҳаррам ва Ошуро дар ойинаи асноди вазорати умури хориҷа» бо таъкид бар инки дар лояҳои амиқтар мустанадоти Ошӯро дар аснод, таҷаллии «иззатталабии тамаддунӣ»-и Эрон дар тақобул бо низоми султа ва қудратҳои истеъморӣ ба чашм мехӯрад, тасреҳ кард: Дипломасии Эрон дар ин аснод, як дипломасии фурсатталабонаи хушк ва нест, балки як «дипломасии инсонмеҳвар» аст.
Вазири хориҷаи Эрон дар ин нишаст гуфт, имсоли муҳарраму ошӯрои Эрон рангу буи дигаре дорад. Кишвари торихии Эрон мавриди ҳуҷуми ноҷавонмардонаува золимонаи ду режими гарданкаш, қонӯнгурез ва ҳаққситези амрикоӣ ва исроилӣ қарор гирифт ва шуҳадои фаровонеро тақдими роҳи озодӣ ва сарбаландии кишвару устувории калима Аллоҳ намуд. Миллати ҳусайнии Эрон ба чашми худ рехтани хуни Саидуш шуҳадои Инқилоби исломӣ ва фарзандони покаш аз мадрисаи шаҷараи тайибаи Миноб то нови Дено то фарзандони Ломирдӣ ва сарбозони ғаюри Эронро дид, аммо мардона ва ҷонона пои иззату истиқлолаш истод то нишон диҳад, паёми Ошӯроро бо так так селлулҳои худ зистааст.
Ба гуфтаи вазири хориҷаи Эрон, дар тӯли таърих, бисёре аз милал бо лаҳазоте хатир рӯбарӯ шуда, дар ду роҳиҳои сарнавиштсоз қарор гирифта ва шахсияташон дар бутаи озмоишу қазоват қарор дода шудааст. Аз фақру муҳосира то ҷанги таҳмилӣ ва таҷовуз. Дар он лаҳазоти таъйинкунанда, милали таҳти зулм маҷбур будаанд ба саволе бунёдин посух диҳанд: Оё таслим шаванду зери юғи зулм зиндагӣ кунанд ва ё барои арзишҳо ва ормонҳои худ то пои ҷон биистанд?
Меҳанпарастии воқеӣ, вафодории кӯркӯрона ба сарзамин нест; балки вафодорӣ ба арзишҳое аст, ки ба он сарзамин маъно медиҳанд - озодӣ, адолат, каромати инсонӣ ва итминон аз инки наслҳои оянда битавонанд мустақил дар паҳнаи ҷуғрофиёии худ зиндагӣ кард ва бар сарнавишти худ мусаллат бошанд.
Вазири хориҷаи Эрон дар ин нишаст хотирнишон кард, таърих борҳо ва борҳо нишон додааст, ки вақте миллатҳо фидокорӣ, истиқомату талош барои ҳифзи истиқлоли худро канор мегузоранд, чизе беш аз сарзамини худро аз даст медиҳанд. Онҳо дар маърази хатари аз даст додани ҳувияти ҷамъӣ, иродаи миллӣ ва тавоноии шаклдиҳӣ ба ояндаи худ қарор мегиранд. Бозёбии иззат, замоне, ки таслим мешаванд, агар на ғайри мумкин, балки бисёр душвор аст. Бо ҳамин дарк ва фаҳми эътиқодӣ ва албатта роҳбурде аст, ки Эрон бар аҳди муқовимати худ ба рағми ҳамаи фишорҳо побарҷо истода ва иншоаллоҳ хоҳад истод.
Ироқӣ таъкид кард: Эрони имрӯз, Эрони истода дар муқоболи тӯфони номардумӣ ва зулм аст. Мо бар аҳде, ки бо Саидуш шуҳадои замон қоиди азимулшаън ҳазрати оятуллоҳилузмо шаҳид Саид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ бастаем, истодаем ва иҷоза нахоҳем дод, ки ин хунҳои ба ноҳақ рехта шуда фаромӯш шуда ва ё нодида гирифта шаванд. На фаромӯш мекунем ва на мебахшем. Ин хунҳо хоҳанд ҷӯшид ва дарахти адолатхоҳӣ ва адолатталабиро ҳар рӯз танумандтар хоҳанд кард.