Гуфтгуи Эрону Туркия дар бораи амнияти марзҳои муштарак
-
Ондер Бозкурт, губернатори Оғрии Туркия (аз рост) ва полковник Маҳдӣ Ҳабибзода, фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Мокуи Эрон (аз чап).
Порс тудей - Туркияву Эрон дар бораи тақвияти амнияти марзҳои муштарак ва мубориза бо қочоқу убӯри ғайриқонӯнӣ гуфтугу карданд.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА , ҳайатҳои Эрону Туркия дар устони Оғрӣ дар шарқи Туркия , барои баҳс дар мавриди амнияти марзҳову ҳамкории байни ду кишвар дар ин замина дидор карданд.
Дар ин дидор раёсати ҳайати Туркия бар ӯҳдаи Ондер Бозкурт -устондори Оғрӣ ва раёсати ҳайати Эрон бар ӯҳдаи сарҳанг Маҳдии Ҳабибзода -фармондеҳи марзбонии минтақаи Мокӯ буд.
Ду тараф дар ин дидор дар бораи роҳҳои афзоиши амнияти марзҳо , ҷилавгирӣ аз убӯри ғайриқонӯнии муҳоҷирон , мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва афзоиши зарфияти равияҳои гумрукӣ гуфтугу карданд .
Ҳамчунин дар мавриди роҳҳои тавсеаи ҳамкорӣ ва тақвияти амнияти марзии байни Туркияву Эрон табодули назар шуд.
Марзи заминии байни Туркияву Эрони ҳудӯди 560 километр имтидод дорад ва аз назари амниятӣ ва тиҷорӣ яке аз фаъолтарин марзҳои минтақа маҳсӯб мешавад.
Гузаргоҳҳои муҳимме ду кишварро ба ҳам пайваст мекунанд, ки муҳимтарини онҳо Гурбулоқ - Бозаргон дар устони Оғрии Туркия ва минтақаи Моку дар Эрон аст.