Пизишкиён: ғолиби барандаи тафоҳуми Исломобод аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125508-Пизишкиён_ғолиби_барандаи_тафоҳуми_Исломобод_аст
Порс Тудей - Раисиҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки тамоми коршиносони дохилӣ ва байналмилалӣ бар ин бовар ҳастанд, ки дар тафоҳуми Исломобод, Эрон ғолиби воқеӣ аст, гуфт: Тафоҳум ва тавофуқе, ки дар Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳосил шуд, дастоварде бузург ва истисноӣ буд.
(last modified 2026-08-29T06:14:55+00:00 )
Август 29, 2026 11:09 Asia/Dushanbe
  • Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон
    Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон

Порс Тудей - Раисиҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки тамоми коршиносони дохилӣ ва байналмилалӣ бар ин бовар ҳастанд, ки дар тафоҳуми Исломобод, Эрон ғолиби воқеӣ аст, гуфт: Тафоҳум ва тавофуқе, ки дар Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳосил шуд, дастоварде бузург ва истисноӣ буд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Ирна, Масъуд Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон шомгоҳи ҷумъа бо ҳузур дар барномаи телевизионии "Гуфтугӯи вижаи хабарӣ", тасреҳ кард: Агар имрӯз ба ин ҷо расидаем, ба далели ваҳдат ва инсиҷоме аст, ки дорем. Агар ин ваҳдат ва инсиҷом набуд, душман ба ниятҳои шӯми худ расида буд. Бояд ваҳдат ва инсиҷоми дохилиро гиромӣ дорем ва талош кунем ин ваҳдатро ҳифз кунем.

Вай бо ишора ба тафоҳумномаи Исломобод, гуфт: Тафоҳум ва тавофуқе, ки дар Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ҳосил шуд, дастоварде бузург ва истисноӣ буд.

Пизишкиён гуфт: Бар асоси ақли ҷамъӣ ба ин тафоҳум даст ёфтем, нигоҳи сиёсии тамоми коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ низ тасреҳ мекунад, ки Эрон ғолиби тафоҳумномаи Исломобод аст.

Вай дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт: Бояд дипломатияро тақвият кунем ва бо кишварҳои ҳамсоя бар асоси назари Раҳбари азиз ва Раҳбари шаҳид иртиботи хубе дошта бошем. Бештари ҳамсояҳои Эрон кишварҳои исломӣ ҳастанд, ки бояд бо онҳо ба як забони муштарак бирасем ва амнияти минтақаро бо ҳам таъмин кунем ва расидан ба ин ҳадаф ниёзманди гуфтугӯ ва таомул аст.

Раисиҷумҳури Эрон гуфт: Бояд даст ба дасти ҳам бидиҳем, то минтақаро ором кунем ва иҷоза надиҳем Исроил битавонад ба ин роҳатӣ ба кишварҳои исломӣ таҷовуз кунад ва ин дар сояи ваҳдат имконпазир аст.