Омодагии Туркманистон барои гуфтугӯ бо Эрон дар мавзӯи газ
(last modified Thu, 26 Jan 2017 12:32:59 GMT )
Январ 26, 2017 17:32 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Туркманистон барои гуфтугӯ бо Эрон дар мавзӯи газ

 Туркманистон барои гуфтугӯ дар масъалаи газ бо Эрон эъломи омодагӣ кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Вазорати умури хориҷии Туркманистон имрӯз дар баёнияе эълом кард, омодааст, то музокиротро бо мақомоти Эрон дар робита ба масъалаи газ идома диҳад, аммо ҳаққи тарҳи ихтилоф дар мавриди газ байн ду кишварро барои довари байнлмилалии худ маҳфуз медонад.

Туркманистон ҳамин моҳ содирот газро ба Эрон қатъ кард. Ин кишвар муддаӣ аст, ки ихтилофи Туркманистон бо Эрон дар масъалаи газ реша дар пойбанд набудани Ширкати миллии гази Эрон ба тааҳҳудоти худ дар қарордоди гази ду кишвар дорад.

Шаби гузашта мақомоти Эрон эълом карданд, дар сурате ки Туркманистон содироти газро ба Эрон аз сар нагирад, ба додгоҳи байналмилалӣ шикоят хоҳад кард. Гази содиротӣ аз Туркманистон дар минтақаи шимоли Эрон истифода мешавад.