Раҳбари Инқилоб : Посдори решаҳои ҳуввияти миллӣ, забони модарӣ ва парчами муқаддас бошед
-
Ҳазрати оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ-раҳбари Инқилоби исломӣ
Порс тудей - Раҳбари Инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли таҳсилии мадорис ва донишгоҳҳо бо адои эҳтиром ба донишомӯзон , донишҷӯён , муаллимон ва асотид(устодон)и шаҳид дар ҷанги таҳмилии ахир , бозгушоии мадрасаву донишгоҳро навидбахши нишот, умед ва ҳаракати пуршитоби миллат ба сӯи ояндаи равшан донистанд.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Ҳазрати оятуллоҳ Сайидмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ-раҳбари Инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати оғози соли таҳсилии мадорис ва донишгоҳҳо бо адои эҳтиром ба донишомӯзон , донишҷӯён , муаллимон ва асотиди шаҳид дар ҷанги таҳмилии ахир , бозгушоии мадрсаву донишгоҳро навидбахши нишот ва умеду ҳаракати пуршитоби миллат ба сӯи ояндаи равшан донистанд ва бо тавсия ба донишомӯзону донишҷӯён барои муҷаҳҳаз шудан ба илму тақво ва доноиву тавоноӣ , хитоб ба онон таъкид карданд : Мадрасаву донишгоҳро хонаи дувуми худ бидонед ва бо сиёнат аз ҳаримҳои он ва ҳаракат дар ҷиҳати афзоиши ҳарчӣ бештари сатҳи огоҳӣ ва бенишу таъолии рафторҳову манишҳо онро конуни пешрафтагии ватани худ намоед.
Мақоми муаззами раҳбарӣ ҳамчунин ба масъӯлон ҷиҳати барномарезии ҳакимона ва талоши муассир барои беҳбуди маишати муаллимону асотид тавсияи муаккад карданд.
Матни паёми раҳбари инқилоби исломӣ ба ин шарҳаст :
بسم الله الرحمن الرحیم
یَرفَعِ اللهُ الَّذینَ آمَنوا مِنکُم وَ الَّذینَ اوتُوا العِلمَ دَرَجات
Талиъаи соли нави таҳсилӣ ва бозгушои хонаҳои илму адаб дар мадрасаву донишгоҳ , навидбахши нишот , умед ва ҳаракати пуршитоби миллат ба сӯи ояндаи равшан ва шукӯҳманд мебошад. Ояндае, ки таҳаққуқи он дар дастони тавонманди фарзандони азизи Эрон ва тарбиятёфтагони мактаби Ислом ва Инқилоби исломӣ аст. Ҳамон насле, ки борҳо Хумайнии кабир ва Хоманаии азимушшаъни шаҳид, аълаллоҳи мақомиҳиш-шариф , умеди худ ба эшонро баён карданд.
Инак, ки дарвозаи соли таҳсилии тозае бар рӯйи хайли азими донишомӯзону донишҷӯён гушуда мешавад ва роҳнавардони илму ҳикмат бо умед ба тавфиқи Илоҳӣ давраи ҷадид аз касби донишу маърифату маҳоратро оғоз мекунанд , шоиста аст ҳамнаво бо модарону падарони доғдор , бори дигар ёди донишомӯзони шаҳидшуда дар ҷанги таҳмилии ахирро гиромӣ бидорем. Имсол рӯзҳои хотирасози ибтидои соли таҳсилӣ барои мо ғаме аз фироқи фарзандони сафаркардаамонро тоза месозад. Дар мадорису донишгоҳҳо ҷои холии баъзе аз донишҷӯёну асотиду муъаллимон ҳис хоҳад шуд ва ин андӯҳ , зеҳни моро ба самти саҳеҳи мунозиъаи байни хайру шар ва ҷанги байни ҳаққу ботил роҳнамоӣ хоҳад кард .
Масъӯлияти имрӯзи донишомӯзону донишҷӯён , саъй дар муҷаҳҳаз шудан ба илму тақво , умеду ахлоқ , доноиву тавоноӣ ва зудудани пардаҳои ҷаҳлу торикӣ аст, то онгоҳ ки бо шикастани марзҳои дониш ва фатҳи қуллаҳои пешрафтсози он , маъмурияти торихии худ дар ҷиҳати эътилои Эрони исломиро ба анҷом бирасонанд. Ин муҳим дар ҷое сурат мегирад, ки хонаи дувуми ишон ба шумор меояд . Аз ин рӯ ба ин азизон арз мекунам, ки лозим аст ҳамвора аз ҳаримҳои он ба беҳтарини шакл сиёнат(муҳофизат) намоед ва бо иртиқо(афзоиш)и ҳар чӣ бештари сатҳи огоҳӣ ва бенишу таъолии рафторҳову манишҳоятон , онро конуни пешрафтагии ватани худ бинмоед. Аз фурсати ҳузури чандсола дар ин маъмани донишу адаб ва нишоту умед барои худафзоӣ ҳар чи бештар баҳра бигиред ; худафзоӣ дар муҳимтарин унсури ҳаёти инсон, ки иртибот бо Холиқи мутаъол аст ва худафзоӣ дар иртибот бо ҳамнавъон ва ҳамватанон ва хонавода ва худафзоӣ дар заминаи касби дониш ва ба даст овардани анвоъ(навъҳои гуногун)и маҳоратҳо.
Дар ин муддат дуруст фикр кардану ибтикор варзиданро тамрин кунед ва ҳамвора посдори решаҳои ҳуввияти миллӣ ва иззату истиқлоли фарҳангии худ ва забони модарӣ ва парчами муқаддаси низоми исломӣ ва соири намодҳои он бошед . Ба зудӣ навбати он мерасад, ки нақши муносиби худро дар ҷомеъа биёбед, ки дар он мавқеъ бо анҷоми он ба беҳтарини шакл , худ ва кишвари худро сарбаланд хоҳед сохт.
Акнун дар рӯзгоре, ки таваҳҳуши низоми султа хусӯсан давлати ҷинояткори Амрико ва низоми ҷаълии саҳюнӣ бедод мекунад , қудрати баромада аз дониши ҳамроҳ бо тақвову ахлоқ , чунон сипари пӯлодин ва шамшери буррон аст, ки дастони мутаҷовиз ононро аз сари башарият кӯтоҳ месозад. Акнун Шумо дар классҳои дарсӣ ҳозир мешавед, ки наслҳое, ки андаки пеш аз Шумо бар рӯйи нимкатҳои дӯстдоштании он нишаста буданд инак дар анвоъи ҷабҳаҳои дифо аз Ватан ва шараф барои Эрони исломӣ , иззату иқтидор халқ мекунанд ва ҳамонҳо усваву чароғи роҳи Шумо хоҳанд буд ; ҳамчунон ки пеш аз онон касоне дар ҳамин классҳо буданд, ки усваҳои фидокорӣ ва нишонҳои азамати кишвару устураҳои бузургӣ ва бузургвории ба шумор мераванд.
Каломи охир дар мавриди муаллимон ва асотид аст . Мо ҳама вомдори муаллимони худ дар ҳар мақтаъе(марҳилае) аз давраи таҳсилӣ ҳастем. Ин қишри азизу маҳбуб, ки ағлаб бо холистарин отифаҳои шогирдонашон мувоҷеҳ мешаванд , шоистаи он ҳастанд, ки дар маҷомеъу замонҳои мухталиф мавриди такрими ҳамагон бошанд. Маноату қаноате, ки навъан дар ишон мушоҳида мешавад , масъӯлини амрро нисбат ба вазъи феълии маишати ишон қонеъ намесозад ва ин ша Аллоҳ бо барномарезии ҳакимона , барои беҳбуди он талоши муассире ба амал хоҳанд овард ; хусусан инки ин мақула фаротар аз анҷоми вазифаи қонӯнӣ , амре аст, ки аз дил бармехезад.
Салому раҳмату баракати Худованд бар асотиӣд , муаллимон , донишҷӯён ва донишомӯзони шаҳиди ҷанги таҳмилии сеюм ва дар раъси онон Раҳбари ҳакиму мураббии азимушшаъни шаҳидамон, аълаллоҳи мақомаҳуш- шариф, ки ҳаққи бузурге бар шитоби чашмгири дониш дар кишвар доштанд ва сипос аз ҳамаи мураббиён , муаллимон ва асотиди арсаи илму донишу дин ва табрику хушомад ба так-таки донишомӯзону донишҷӯёни хушоқибати миллати Эрон ва умед, ки бо дуои пурюмни сарвармон аҷҷалаллоҳи таъоло фараҷаҳуш-шариф дар дастёбӣ ба қуллаҳои илму адабу пешрафт , ҳар чӣ муваффақтар бошанд , Ин ша Аллоҳ.
Сайидмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ 31/шаҳривар/1405 ҳ.қ