Таъкид бар идомаи ҳамкориҳои роҳбурдии Эрон ва Русия
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125660-Таъкид_бар_идомаи_ҳамкориҳои_роҳбурдии_Эрон_ва_Русия
Порс Тудей – Президентҳои Эрон ва Русия дар як гуфтугӯи телефонӣ бар идома ва тақвияти ҳамкориҳои роҳбурдии дуҷониба байни Теҳрон ва Маскав таъкид карданд.
(last modified 2026-10-08T08:11:19+00:00 )
Октябр 08, 2026 13:06 Asia/Dushanbe
  • Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ва Президенти Русия Владимир Путин
    Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ва Президенти Русия Владимир Путин

Порс Тудей – Президентҳои Эрон ва Русия дар як гуфтугӯи телефонӣ бар идома ва тақвияти ҳамкориҳои роҳбурдии дуҷониба байни Теҳрон ва Маскав таъкид карданд.

Порс Тудей Ба гузориши Порс Тудей  ба нақл  аз хабаргузории Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон  Масъуди Пизишкиён, Президенти Эрон, бо Владимир Путин, Президенти Русия, суҳбати телефонӣ анҷом дод. Пизишкиён бо ишора ба раванди мусбат ва густаришёбандаи равобити Теҳрон ва Маскав, бар зарурати идома ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун таъкид ва идомаи ин масирро дар ҷиҳати таъмини манофеи муштараки ҳарду миллат арзёбӣ кард.

Путин низ ба навбати худ ба ҳамкориҳои ҷории Теҳрон ва Маскав дар чаҳорчӯби паймони шарики роҳбурдии ҳамаҷониба ишора карда, изҳор дошт, ки ин ҳамкориҳо сарфи назар аз таҳаввулот ва рӯйдодҳои минтақавӣ идома доранд.

Ӯ бо ишора ба истодагарии таърихӣ ва қаҳрамононаи миллати Эрон дар баробари таҷовузи душман, қайд кард, ки шуҷоати Эрон таваҷҷуҳ ва таҳсини ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кардааст.

Президенти Русия ҳамчунин ба талошҳои бархе кишварҳо барои миёнҷигарӣ ва кумак ба коҳиши танишҳо пардохта, қайд кард, ки Русия аз ин иқдомоти сиёсӣ пуштибонӣ мекунад; ӯ ба дӯстони эронии худ итминон дод, ки Маскав омода аст дар ин замина нақш бозад ва кумак расонад. Дар поёни ин гуфтугӯи телефонӣ, Путин бо таъкид бар аҳамияти идомаи тамосҳо ва ҳамкориҳои наздик байни Теҳрон ва Маскав, салом ва беҳтарин орзуҳои худро ба Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, Раҳбари Инқилоби Исломӣ, расонд.