Ҳунарпешаи эронӣ дар эътироз ба Трамп ба маросими Оскар намеравад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i12571-Ҳунарпешаи_эронӣ_дар_эътироз_ба_Трамп_ба_маросими_Оскар_намеравад
Тарона Алидӯстӣ, ҳунарпешаи филми эронии “Фурӯшанда”, ки номзади Ҷоизаи Оскар шудааст, эълом кард, ки дар эътироз ба тарҳи мамнӯияти додани раводид ба эрониён дар маросими Оскар ширкат намекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 26, 2017 18:13 Asia/Dushanbe
  • Ҳунарпешаи эронӣ дар эътироз ба Трамп ба маросими Оскар намеравад

Тарона Алидӯстӣ, ҳунарпешаи филми эронии “Фурӯшанда”, ки номзади Ҷоизаи Оскар шудааст, эълом кард, ки дар эътироз ба тарҳи мамнӯияти додани раводид ба эрониён дар маросими Оскар ширкат намекунад.

Алидӯстӣ дар сафҳаи худ дар “Твиттер” навишт: «Мамнӯите, ки Трамп барои додани раводид ба эрониён пиёда кард, нажодпарастона аст. Новобаста ба он ки як рӯйдоди фарҳангӣ ба ин мамнӯият дохил мешавад, ё на, ман ба нишони эътироз ба маросими “Оскар-2017” нахоҳам рафт”.

Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА қарор аст, ба зудӣ фармонеро имзо кунад, ки бар асоси он, судури ҳар гуна раводид барои шаҳрвандони Эрон ва чанд кишвари дигар дастикам ба муддати 30 рӯз мутаваққиф хоҳад шуд.

Маросими супоридани 89-умин давраи Ҷоизаи Оскар 26 феврал баргузор мешавад. Филми “Фурӯшанда” дар Ҷашнвораи “Кан” дар соли 2016 ҷоизаи беҳтарин филмнома ва беҳтарин ҳунарпешаи нақши аввали мардро дарёфт карда буд.