Август 04, 2016 08:58 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Ҳукумати Арабистон дар бораи фоҷеаи Мино посухгӯ бошад

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, Ҳукумати Арабистон бояд ба таври ҷиддӣ дар хусуси фоҷеаи соли гузаштаи Мино посухгӯ бошад.

 

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон бо баёни ин ки масъулияти вуқӯи фоҷеаи дардноки Мино дар соли гузашта мутаваҷҷеҳи масъулини нокоромади Ҳукумати Арабистон аст, таъкид кард, онҳо бояд ба таври ҷиддӣ  дар ин замина посухгӯ бошанд.

Қосимӣ бо ишора ба номаи 120 хонаводаи шаҳиди фоҷеаи Мино ба вазири умури хориҷии Эрон зимни ибрози ҳамдардии муҷаддад ба онҳо тасреҳ кард, Вазорати умури хориҷии Эрон масъулияти пайгирии сиёсӣ ва ҳуқуқии байналмилалии ин фоҷеаро дар дастури кор дошта ва дорад. Ӯ афзуд, дар ин чорчӯб илова бар тарҳи мавзӯъ дар созмонҳои байналмилалӣ истифода аз машварати ҳуқуқдонони барҷастаи дохилӣ ва байналмилалӣ барои эҳрози масъулияти Ҳукумати Арабистон дар хусуси фоҷеаи Мино ҳамвора мавриди таваҷҷуҳ будааст ва талошҳои лозим дар ин замина идома дорад.

Ҳазор зоир, аз ҷумла 464 зоири эронӣ рӯзи Иди Қурбони гузашта (24 сентябри соли 2015) ва дар ҳоли анҷоми маносики ҳаҷ дар сарзамини Мино ба далели сӯитадбири масъулини Оли Сауд ҷони худро аз даст доданд.

Барчасп