Январ 28, 2017 17:36 Asia/Dushanbe
  • Варзиши эронии чавгон сабти ҷаҳонӣ мешавад

Раиси Федератсияи чавгони Эрон гуфт, бо пайгириҳои анҷом шуда, варзиши чавгон дар соли 2017 сабти ҷаҳонӣ мешавад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Гулнор Вакилии Гилонӣ-раиси Федератсияи чавгони Эрон гуфт, маҳди бозии чавгони Эрон будааст ва майдони “Нақши ҷаҳон” дар Исфаҳон аз қадимитарин майдонҳои ҷаҳон ва намоде барои варзиши чавгон ба шумор меояд.

Гулнор Вакилии Гилонӣ бо баёни ин, ки чавгон дорои ҷанбаҳои варзишӣ, ҳунарӣ ва ҷозибаи гардишгарӣ аст, тасреҳ кард, варзиши чавгон дар Эрон таърихи ду ҳазору 500 сола дорад.

Варзиши чавгон яке аз муҳиммтарин варзишҳои суннатии Эрон аст, ки дар густараи ҷуғрофиёии Эрони қадим яъне кишварҳое , ки имрӯз ҷузви ҳавзаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба шумор мераванд, ривоҷ дорад.

Ҳудуд ду соли пеш гурӯҳе аз мурабиёни эронии чавгон ба даъвати Тоҷикистон давраи омӯзишии ин варзиши суннатиро баргузор карданд ва ба ширкаткунандагон дар ин давра гувоҳиномаҳо дода шуд.

Барчасп