Рӯҳонӣ: На бегонапарастем ва на бегонаҳарос
(last modified Mon, 30 Jan 2017 10:29:36 GMT )
Январ 30, 2017 15:29 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: На бегонапарастем ва на бегонаҳарос

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Мардуми мусалмон ва инқилобии эронӣ аз таомули созанда бо ҷаҳон ба нафъи худ ва манофеи миллӣ истифода мекунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳасани Рӯҳонӣ ва аъзои ҳайъати давлати ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз душанбе дар остонаи фаро расидани сиву ҳаштумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар марқади ҳазрати имом Хумайнӣ (р), бунёнгузори инқилоб ҳузур ёфтанд ва бо қироати фотиҳа ва тақдими гул, ба мақоми имом Хумайнӣ (р) адои эҳтиром карданд .

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар ин маросим таъкид кард, давлати Эрон худро мутааҳҳид ба имом Хумайнӣ (р) медонад ва пайрави масир ва гуфтумони имом Хумайнӣ (р) ва раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аст .

Рӯҳонӣ гуфт: Имом Хумайнӣ (р) мутааллиқ ба гурӯҳи хосе нест ва аз они ҳамаи мусалмонони ҷаҳон ва Эрон аст.

Раисҷумҳури Эрон афзуд: Имом Хумайнӣ (р) дар масири пирӯзӣ ва тавсеаи инқилоби исломӣ мухолифи ҳаргуна роҳи мусаллаҳона буданд ва ҳамвора бар роҳи муборизаи фарҳангӣ ва мардумӣ таъкид доштанд .

Рӯҳонӣ афзуд: “Мо на бегонапарастем ва на бегонаҳарос, тофтаи ҷудобофта ё тору пуди гумшуда дар нақши ҷаҳон ҳам нестем. Мо мусалмон, инқилобӣ ва эронӣ ҳастем ва бо ҳамаи шабоҳатҳо ва тафовутҳо бо дигар мардуми ҷаҳон, аз таомули созанда бо ҷаҳон ба нафъи мардуму манофеи миллӣ истифода хоҳем кард”.

Аз фардо сешанбе ҷашнҳои сиву ҳаштумин солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ дар саросари Эрон оғоз мешавад.