Руҳонӣ: Трамп пардаи дурӯиро аз сиёсатҳои Амрико канор зад
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Фармони зидди муҳоҷирати Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико пардаи дурӯиро аз сиёсатҳои ин кишвар канор зад.
Ҳасани Руҳонӣ дар маросими бузургдошти рӯзи миллии фановарии фазоӣ дар толори иҷлоси сарони Теҳрон афзуд: Давлати Амрико солҳо шиор медод, ки мо бо давлати Эрон мухолифем, аммо тарафдори мардуми Эрон ҳастем, вале иқдоми ахири раиси ҷумҳурии он кишвар ошкоро нишон дод, ки онҳо ба ҳарфи нодурусте, ки солҳо мезананд, эътиқоде надоранд.
Руҳонӣ иқдоми Трампро дар мамнуъ кардани вуруди шаҳрвандони баъзе кишварҳо ба Амрико хилофи тамоми тааҳҳудоти байналмилалӣ донист ва таъкид кард: Имрӯз рӯзи ҷудосозӣ нест, ки одаме фикр кунад ва тасмим бигирад, ки судури визаи кишварашро ба рӯйи чанд кишвар қатъ кунад.
Руҳонӣ тасреҳ кард: Одамҳое, ки дар сиёсат набудаанд ва ин фазо барояшон комилан нав аст, то худ ва атрофиён ва ҷаҳонро бишиносанд замонбар аст ва ба кишвар ва дунё хисорат ворид мекунанд.
Раиси Ҷумҳурии Эрон ҳамчунин бо ишора ба фаро расидани даҳаи мубораки Фаҷр гуфт: Инқилоби исломӣ аз нигоҳи назарӣ ва амалӣ дар сатҳи ҷаҳон комилан мустақил будааст.
Руҳонӣ афзуд: Дар ибтидо тамоми кишварҳои ҷаҳон, ба вижа Шӯравӣ ба далели динӣ будани ин инқилоб ва Ғарб ба далели аз даст додани пойгоҳи худ дар минтақа бо ин инқилоб мухолиф буданд, аммо бунёнгузори инқилоби исломӣ бо вижагиҳои мунҳасир ба фард ва донишу эътиқод ва ошноии комил бо мардум, дин ва дунё тавонист ин инқилобро ба пирӯзӣ расонад.