Таъкиди вазири дифои Эрон бар муваффақияти озмоишҳои мушакии ин кишвар
(last modified Thu, 02 Feb 2017 13:10:55 GMT )
Феврал 02, 2017 18:10 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди вазири дифои Эрон бар муваффақияти озмоишҳои мушакии ин кишвар

Вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муваффақияти озмоишҳои мушакии Эрон хабар дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, сардори сартип Ҳусайни Деҳқон, вазири дифоъ ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Тасним” гуфт, озмоиши мушакии ахири Эрон низ муваффақиятомез будааст.

Пеш аз ин бархе манобеи хабарӣ муддаӣ шуда буданд, озмоиши мушакии ҷадиди Эрон муваффақиятомез набуда ва ба ҳадафи таъйиншуда бархурд накардааст.

Вазири дифои Ҷумҳурии Исломии Эрон бори дигар равшанӣ андохт, озмоишҳои мушакии Эрон ҳеҷ муғойират бо Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (тавофуқи ҳастаӣ) ва қатъномаи 2231 –и Шӯрои амнияти Созмони милал надорад.

Сардори сартип Деҳқон эълом кард, Эрон иҷозаи дахолати ҳеҷ бегонаеро дар умури дифоии худ нахоҳад дод ва барномаҳои мушакии худро дар чорчӯби қонунҳои байналмилалӣ думбол хоҳад кард.

Эрон рӯзи якшанбе мушаки баллистики ҷадидеро озмоиш кардааст.