Эрон: Иддаоҳои Амрико беасос ва такрорӣ аст
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт, иддаоҳои мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи муғойират доштани озмоишҳои мушакии Эрон бо қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милал беасос, такрорӣ ва таҳрикомез аст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон асри панҷшанбе дар вокуниш ба иддаои Майкл Флинн, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи Эрон таъкид кард, ҳеҷ кадом аз мушакҳои Эрон барои ҳамли кулоҳаки ҳастаӣ тарроҳӣ нашудааст ва анҷоми озмоишҳои мушакӣ ҳеҷ муғойират бо қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони милал надорад.
Қосимӣ афзуд, суханони мақомоти амрикоӣ дар ҳоле баён мешавад, ки талошҳои Эрон дар мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ мавриди ҳимояти Амрико дар минтақа бар касе пӯшида нест ва ҷойи таассуф аст, ки Амрико ба ҷойи қадрдонӣ аз миллати Эрон, бо такрори иддаоҳои беасос ва рӯйи даст гирифтани сиёсатҳои нобихрадона, амалан ба гурӯҳҳои террористӣ кӯмак мекунад.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамчунин гуфт, тасмими нобаҷо ва табъизомези давлати Амрико дар эҷоди маҳдудият барои вуруди шаҳрвандони бархе кишварҳои исломӣ ба он кишвар, як бори дигар ҳикоят аз бетаваҷҷуҳии давлатмардони Амрико ба муқаррарот ва урфи байналмилал дорад.