Феврал 03, 2017 18:24 Asia/Dushanbe
  • Вуруди роҳнамоёни гардишгарии 40 кишвари ҷаҳон ба Язд

Роҳнамоёни гардишгарӣ аз 40 кишвари ҷаҳон пас аз поёни сафар ба Шероз, вориди устони Язд, маркази Эрон шуданд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи ИРНА, роҳнамоёни гардишгарӣ ба манзури ширкат дар ҳафдаҳумин Конвенсиюни ҷаҳонии роҳнамоёни гардишгарии 2017, ки ба мизбонии Теҳрон баргузор шуд, ба Эрон сафар кардаанд.

Дусаду ҳафтод роҳнамоии гардишгарӣ қарор аст аз биноҳову сайтҳои гардишгарии устони Язд боздид кунанд.

Устони Язд дорои беш аз шаш ҳазор асари торихиву фарҳангӣ аст ва аввалин шаҳри "Хишти Хом"-и ҷаҳон ва дувумин шаҳри торихии ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Роҳнамоёни гардишгарӣ пас аз Язд аз Исфаҳон боздид хоҳанд кард.

Иҷлоси байналмилалии роҳнамоёни гардишгарӣ бузургтарину муҳимтарин гирдиҳамоии роҳнамоёни ҷаҳон асту ҳар ду сол як бор зери назари мустақими Федератсиюни ҷаҳонии роҳнамоёни гардишгарӣ (WFTGA) ва ба мизбонии яке аз кишварҳои узв баргузор мешавад.

Муаррифии ҷозибаҳои фарҳангӣ, торихиву табиӣ, тавсеаи пойдори санъати гардишгарӣ ва иртиқои донишу ахлоқи ҳирфаии роҳнамоён бар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ, аз муҳимтарин аҳдофи ин иҷлос аст.

 

Барчасп