11 миллиард доллар сармоягузорӣ дар Эрон тайи як сол
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i12887-11_миллиард_доллар_сармоягузорӣ_дар_Эрон_тайи_як_сол
Сухангӯи давлат эълом кард, дар як соли гузашта беш аз 11 миллиард доллар сармоягузорӣ дар Эрон анҷом шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 03, 2017 16:59 Asia/Dushanbe
  • 11 миллиард доллар сармоягузорӣ дар Эрон тайи як сол

Сухангӯи давлат эълом кард, дар як соли гузашта беш аз 11 миллиард доллар сармоягузорӣ дар Эрон анҷом шудааст.

Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадбоқири Навбахт, сухангӯи давлат панҷшанбешаб дар маросими баҳрабардорӣ аз 2 ҳазору 406 пружаи мухобиротии устони Исфаҳон, бо ишора ба ин ки дар як соли гузашта (пас аз тавофуқи ҳастаӣ ё Барҷом) ҳудуди 11 миллиарду 500 миллион доллар сармоягузории хориҷӣ дар Эрон анҷом шудааст, гуфт, бисёре аз ин фурсатҳои сармоягузорӣ интиқоли донишу фанновариро ба ҳамроҳ дорад.

Навбахт бо баёни ин ки бартараф шудани таҳримҳо фурсати хуберо барои тақвияти иқтисоди Эрон ба вуҷуд овардааст, афзуд: "Давлат бо вуҷуди мушкилоти фаровону маҳдудиятҳои манобеи молӣ саъй кардааст бо истифода аз фурсати бавуҷудомада тарҳҳои умрониву воҳидҳои санъатӣ ва тавлидиро, ки бар асари таҳримҳо дучори рукуд шуда буданд, фаъол кунад".

Муовини раиси ҷумҳурӣ ва раиси созмони барномаву буҷет изофа кард, давлат дар тайи як соли гузашта саъй кардааст тарҳҳои умронии шахшуда ва нимашахшудаи бахши хусусӣ, аз ҷумла воҳидҳои тавлидиро фаъол кунад ва барои ин манзур садҳо миллион доллар эътибор ихтисос додааст.

Навбахт бо ишора ба ин ки давлат дар се соли гузашта тавонистааст рушди манфии иқтисодиро ба рушди мусбати иқтисодӣ тағйир диҳад, идома дод, рушди иқтисодии кишвар дар 6 моҳи нахусти имсол бо ҳисоби даромадҳои нафтӣ ба 6. 5 дарсад ва бидуни дар назар гирифтани даромадҳои нафтӣ ба 4. 5 дарсад расидааст.

Вай гуфт: “Хушбахтона, Сандуқи байналмилалии пул ва Бонки ҷаҳонӣ тайи як моҳи гузашта дар 2 гузориш, ки охирини он се рӯзи қабл буд, бо таъйиди рушди иқтисодии Эрон эълом кард, ки Эрон дар байни кишварҳои минтақа аз лиҳози иқтисодӣ босуботтарин аст.

Муовини раиси ҷумҳурӣ ва раиси созмони барномаву буҷет асри панҷшанбе дар сеюмин рӯз аз даҳаи муборакаи Фаҷр ба манзури ифтитоҳи чанд тарҳи умронӣ ва хадамотӣ вориди Исфаҳон шуд.