Феврал 04, 2017 13:06 Asia/Dushanbe
  • Эҳтироми Иттиҳоди Ҷаҳонии Гуштӣ ба тасмими Эрон

Раиси Иттиҳоди Ҷаҳонии Гуштӣ дар вокуниш ба иқдоми Эрон дар мухолифат бо вуруди гуштигирони амрикоӣ ба Эрон эълом кард, ин тасмим қобили эҳтиром аст.

Ба гузориши ИРНА, Нанад Лалович, раиси Иттиҳоди Ҷаҳонии Гуштӣ дар баёнияе дар бораи мухолифати Эрон бо ҳузури тими гуштии Амрико дар Ҷоми ҷаҳонии гуштии озоди Кирмоншоҳ гуфт, ин иттиҳод ба тасмими Эрон бо ҳама печидагиҳояш эҳтиром мегузорад.

Раиси Иттиҳоди Ҷаҳонии Гуштӣ дар айни ҳол ибрози умедворӣ кард, ки дар оянда гуштигирони эронию амрикоӣ бо ҳам мусобиқа мекунанд.

Федератсияи гуштии Эрон бо ирсоли номае ба Иттиҳоди Ҷаҳонии Гуштӣ зимни мухолифат бо ҳузури гуштигирони амрикоӣ дар Ҷоми ҷаҳонии гуштӣ дар Эрон хоҳони муаррифии тими ҷойгузин барои ҳузур дар ин мусобиқот шудааст.

Тасмими Эрон барои ҷилавгирӣ аз ҳузури гуштигирони Амрикоӣ дар мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонӣ дар ин кишвар пас аз он гирифта шуд, ки Доналд Трамп дар фармоне вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвари исломӣ, аз ҷумла Эронро ба Амрико ба муддати се моҳ мамнӯъ кард.

Мусобиқоти Ҷоми ҷаҳонии гуштии озод қарор аст, 16-17-уми феврал дар устони Кирмоншоҳ, дар ғарби Эрон баргузор шавад.

 

Барчасп