Феврал 05, 2017 18:07 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши тавлиди илм дар Эрон

Сарпарасти пойгоҳи истинодии Улуми ҷаҳони Ислом (ISC) гуфт, бар асоси охирин иттилооти пойгоҳи интерентии “Scopus” дар аввали феврали соли 2017 тавлиди илми Эрон ба лиҳози шумора ба 48 ҳазору 345 мадрак расидааст.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ, сарпарасти пойгоҳи истинодии Улуми ҷаҳони Ислом (ISC) афзуд, охирин иттилооти барӯзшуда дар пойгоҳи Ай Эс Ай низ дар аввали феврали 2017, шумораи тавлиди илми Эронро 40 ҳазору 333 мадрак нишон медиҳад.

Деҳқонӣ ҳамчунин гуфт, саҳми Эрон аз кулли тавлиди илмии ҷаҳон дар соли 2016 дар пойгоҳи “Scopus” ба 1 . 8 дарсад ва дар пойгоҳи Ай Эс Ай ба 1 . 7 % дарсад расидааст.

Сарпарасти пойгоҳи истинодии Улуми ҷаҳони Ислом (ISC) гуфт, бар асоси пойгоҳи истинодии “Scopus” дар соли 2016 рутбаи шумораи тавлиди илми Эрон 16 ва бар асоси пойгоҳи истинодии Ай Эс Ай 18 аст, ки нисбат ба соли қабл аз он (2015) як зина боло рафтааст.

 

Барчасп