Эрон аз амнияти Тоҷикистон ҳимоят мекунад
(last modified Tue, 07 Feb 2017 06:57:01 GMT )
Феврал 07, 2017 11:57 Asia/Dushanbe
  • Эрон аз амнияти Тоҷикистон ҳимоят мекунад

Раиси гурӯҳи Дӯстии парлумонии Эрон ва Тоҷикистон дар дидор бо сафири Душанбе дар Теҳрон гуфт: “Сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора барқарории амният ва оромиш дар Тоҷикистон аст ва аз ҳар гуна иқдоме дар ин замина ҳимоят хоҳем кард”.

Ба гузориши ИРНА, Куруш Карампур Ҳақиқӣ дар дидори Неъматуллоҳ Имомзода, сафир Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, гурӯҳҳои Дӯстии парлумонии ҷумҳури исломӣ аз ҳар гуна иқдоме барои таъмини манофеи миллати Тоҷикистон ҳимоят мекунад.

 Раиси гурӯҳи Дӯстии парлумонии Ҷумҳурии Исломии Эрон – Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба иштирокоти деринаи фарҳангӣ -динӣ миёни мардуми ду кишвари мусулмони Эрон ва Тоҷикистон гуфт, забони муштарак, равобити таърихӣ ва пешинаи муносиб миён ду кишвари Эрон ва Тоҷикистон фурсатҳои фаровоне барои тавсеа ва густариши муносиботи сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ ба вуҷуд овардааст.

Карампур Ҳақиқӣ афзуд, ҳузури мусбати Эрон ва Тоҷикистон дар ҷомеаи минтақаӣ ва байналмилалӣ дар канори якдигар метавонад ба барқарории субот ва оромиш дар минтақа кӯмаки фаровоне кунад.

Раиси гурӯҳи Дӯстии парлумонии Ҷумҳурии Исломии Эрон – Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бо таъкид бар зарфиятҳои иқтисодӣ ва кишоварзӣ дар Эрон ва Тоҷикистон изҳор дошт, бояд бо барномарезии муносиб ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои тиҷорӣ ва кишоварзӣ дар ду кишвар, ба раванди мубодилоти иқтисодии дуҷониба шитоби бештаре бахшид.

Неъматуллоҳ Имомзода, сафири Тоҷикистон дар Теҳрон низ дар ин дидор бар зарурати амалӣ шудани тарҳҳои муштараки ду кишвар таъкид кард.

 

Барчасп