Феврал 07, 2017 16:06 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоб: Ҳеч душмане наметавонад миллати Эронро фалаҷ кунад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ имрӯз дар дидори фармондеҳону коркунони Нерӯи ҳавоии артиши Эрон бо баёни ин ки ҳеч душмане наметавонад миллати Эронро фалаҷ кунад, гуфтанд: “Мардум посухи ҳарфҳои душманонро дар роҳпаймоии 22-и баҳман хоҳанд дод”.

Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба идомаи ҳаракати муъминона, муқтадирона, мантиқӣ ва саршор аз эътимод ба нафси миллати азизи Эрон таъкид карданд: “Агар ақлоният дар канори умеду таваккул ба Худо ба кор гирифта шавад, ёрии парвардгорро ба ҳамроҳ меоварад, аммо ақлоният дар сояи эътимод ба шайтони акбару қудратҳои моддӣ, фақат ба сароб мерасад”.

Эшон афзуданд: “Ин оқои тозаомада дар Амрико бо ҳарфҳову иқдомоти худ ҳарфҳои 38- солаи низоми исломиро дар бораи фасоди ҳамаҷонибаи дастгоҳи ҳокими Амрико, ошкору урён дар муқобили афкори умумӣ қарор додаасту миллати Эрон дар рӯзи 22 –и баҳман посухи иқдомоту таҳдидоти ӯро хоҳанд дод”.

Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба солрӯзи байъати торихии афсарони Нерӯи ҳавоии Эрон бо Имом Хумайнӣ дар 8-уми феврали соли 1979, ин ҳодисаро ҳодисае таъйинкунанда дар торихи инқилоби исломӣ хонданду афзуданд: “Нерӯи ҳавоӣ дар даврони режими тоғутӣ яке аз наздиктарин бахшҳо ба низоми сиёсии вобаста ба Амрико буд, аммо режими тоғут дар ҳоле ки ҳеч гоҳ тасаввур намекард, аз ҳамин бахш саҳмгинтарин зарбаро хурд”.

Эшон хотирнишон карданд: “Дар 38 -соли баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ мо дар масоили мухталиф, аз ҷумла Дифои муқаддас ҳамвора шоҳиди ёрии Худованду иттифоқоти хориҷ аз муҳосиботи моддӣ будаем”.

Ҳзарати оятуллоҳ Хоманаӣ ақлонияту тадбирро дар дипломатия, идораи кишвар ва дигар умур зарурӣ хонданду таъкид карданд: "Эътимод ба шаётин ва умед бастан ба касоне, ки бо асли вуҷуди низому ҳокимияти Ислом мухолифанд, хатои бузурге аст, зеро аз ин кор хайре ба кишвар намерасад".

Раҳбари инқилоби исломӣ бо ишора ба суханони раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико, мабнӣ бар зарурати ташаккури Эрон аз давлати Абама гуфтанд: “Ба ҳеч ваҷҳ аз он давлат муташаккир нестем, зеро бо нияти фалаҷ кардани миллати Эрону низоми исломӣ таҳримҳои сангинро ҷорӣ кард ва албатта ба ин ҳадаф нарасид, ҳамчунон, ки ҳеч душмани дигаре низ нахоҳад тавонист ин миллати бузургро фалаҷ кунад”.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дастгирӣ ва боздошти як кӯдаки панҷсолаи эрониро асоси ҳуқуқи башари амрикоӣ баршумурданд ва бо ишора ба роҳпаймоии 22-и баҳман дар рӯзи ҷумъа афзуданд: “Мардум дар рӯзи 22-и баҳман бо ҳузур дар хиёбонҳо ҷавоби ин ҳарфҳову таҳдидотро хоҳанд дод”.

 

Барчасп