Фаъолияти ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13101-Фаъолияти_ширкатҳои_эронӣ_дар_Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, дар ҳоли ҳозир 200 ширкати эронӣ дар бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон машғули фаъолият ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 07, 2017 17:38 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон гуфт, дар ҳоли ҳозир 200 ширкати эронӣ дар бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон машғули фаъолият ҳастанд.

Ба иттилои Ирно, Неъматуллоҳ Имомзода, рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ дар Теҳрон аз баргузории Комиссияи муштараки Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон дар устони Хуросони Разавии Эрон дар ҳафтаҳои оянда хабар дод ва гуфт: Аз назари амнияти сармоягузорӣ мушкиле дар Тоҷикистон вуҷуд надорад .

Имомзода дар ин нишасти хабарӣ, ки ба муносибати пазириши ибтикори Тоҷикистон аз сӯи Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид ва қатъномаи ин ниҳоди байналмилалӣ бо унвони даҳаи байналмилалии “Об барои рушди устувор” баргузор шуд, дар бораи ҳамкориҳои Теҳрон-Душанбе дар заминаи интиқоли об низ гуфт: Тоҷикистон омодагӣ дорад, то ширкатҳои шинохташудаи эронӣ, оби ошомиданиро дар Тоҷикистон истеҳсол ва ба Эрон мунтақил кунанд .

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо баёни инки равобити тиҷории Эрону Тоҷикистон раванди рӯ ба рушде дорад, гуфт: Гардиши молии байни ду кишвар дар соли 2016, 114 миллион доллар буд, ки ин рақам кофӣ нест ва бояд бештар шавад .

Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид ба пешниҳоди Тоҷикистон дар торихи 21 декабри 2016 қатъномаи даҳаи байналмилалии Об барои рушди устуворро барои солҳои 2018-2028 ба иттифоқи оро тасвиб кард .