Феврал 07, 2017 20:01 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии баргузидагони ҷоизаи Китоби соли ҷумҳурии исломии Эрон

Бо ҳузури раисҷумҳури Эрон баргузидагони ҷоизаи Китоби соли ҷумҳурии исломӣ муаррифӣ шуданд ва мавриди таҷлил қарор гирифтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар маросими таҷлил аз баргузидагон ва шоистагони қадрдонии сиву чаҳорумин ҷоизаи миллӣ ва бисту чаҳорумин ҷоизаи ҷаҳонии Китоби соли ҷумҳурии исломии Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ ба 21 нафар аз баргузидагон лавҳи тақдир ва ҳадияҳое эъто кард .

Дар ин маросим 43 асар низ шоистаи қадрдонӣ шинохта шуданд .

Дар бахши ҷаҳонии ҷоизаи Китоби соли ҷумҳурии исломии Эрон осори нависандагоне аз кишварҳои Испания, Руминия, Олмон, Амрико, Англия, Малайзия ва Туркия ҳузур доштанд .

Раисҷумҳури Эрон дар суханоне дар ин маросим гуфт: Ислом барои Эрон ҷумҳурият ва ҳокимияти миллӣ овард ва натиҷаи тақвияти ҷумҳурият низ тарвиҷи фарҳанги исломӣ аст .

Рӯҳонӣ таъкид кард, агар китобе муҷиби эҷоди шикоф ва фосила байни мардум ва низ ихтилоф байни мазоҳиби исломӣ ва тарвиҷи ифротгарӣ ва хушунат шавад, мусалламан наметавонад китоби муфиде бошад ва китобе муфид аст, ки ваҳдатофарин бошад.  

Рӯҳонӣ дар бораи тавофуқи ҳастаӣ низ гуфт: Албатта тавофуқи ҳастаӣ, натиҷаи бурд–бурд дошт ва ба нафъи ҳама ва минтақа аст ва инки дар канори музокираи 5+1, музокираи Қазоқистон ва Остона ба вуҷуд омад, ки нишон медиҳад, музокираи ҳастаӣ метавонад улгуи даҳҳо музокира барои амният ва суботи минтақа шавад .