Феврал 09, 2017 19:34 Asia/Dushanbe

Фардо, ҷумъа, 10-уми феврал, баробар бо 22-юми баҳман 38-умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон аст.

Ба ҳамин муносибат соати 21-и имшаб низ, тибқи расми дерина, мардуми Эрон бо рафтан бар пушти бомҳо яксадо “Аллоҳу акбар” мегӯянд. Фардо низ эрониён новобаста аз қавм, мазҳаб, дин ва андешаву гароиши сиёсӣ ба хиёбон меоянд, то ҳувияти ягона ва ваҳдати халалнопазири худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба тамошо бигузоранд.

Ҳудуди 230 хабарнигор аз 25 кишвари ҷаҳон роҳпаймоии бузурги 22-юми баҳманро дар Теҳрон пӯшиш медиҳад.

Эрониён ҳар сол дар солгарди пирӯзии Инқилоби Исломӣ бо барпо кардани роҳпаймоиҳои бошукӯҳ, ёд ва хотираи 15 соли мубориза алайҳи режими подшоҳи Паҳлавиро гиромӣ дошта, пойбандӣ ва вафодории худро ба ормонҳои ин инқилоби бузург ба ҷаҳониён нишон медиҳанд; инқилобе, ки ҳомии мазлумон ва илҳомбахши бисёре аз миллатҳои таҳти ситами ҷаҳон буду ҳаст ва ҷаҳониён аз он дарси озодагию муқовимат гирифтаанд.

 Гузориши Карамиёнӣ