Панҷ санади ҳамкорӣ миёни Эрон ва Шветсия имзо шуд
Мақомоти Эрон ва Шветсия дар ҳузури сарони ду кишвар дар Теҳрон, панҷ санади ҳамкорӣ имзо карданд.
Ба гузориши ИРНА, ин санадҳо дар заминаҳои фанноварӣ, улуми таҳқиқот, умури ҷодаӣ, иртиботот ва фанноварии иттилоот ва умури занон ва хонавода дар ҳузури раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ва нахуствазири Шветсия имзо шуд.
Пас аз имзои ин аснод, раисиҷумҳури Эрон дар нишасти хабарии муштарак бо нахуствазири Шветсия бо таъкид бар наздиктар шудани равобит байни ин ду кишвар гуфт, Иттиҳоди Аврупо пас аз БАРҶОМ бояд аз ширкатҳо ва бонкҳои аврупоӣ ҳимояти комил кунад, то манофеъи муштараки Эрон ва Иттиҳоди Аврупо ҳосил шавад.
Рӯҳонӣ бо ишора ба мавозеъи муътадили Шветсия дар мавзуи ҳастаии Эрон, гуфт, иродаи ду кишвар бар ин аст, ки равобити Теҳрон ва Стокголм ба қабл аз таҳрим баргардад ва битавонем аз зарфиятҳои иқтисодии ду тараф истифода кунем.
Нахуствазири Шветсия ҳам бо ишора ба ҳузури ҳайати бузурги тиҷорӣ ва низ масъулони созмонҳои бузурги шветсияӣ, дар сафари вай ба Эрон, гуфт, ин мавзу азми Шветсияро барои иртиқои равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон нишон медиҳад.
Стефан Лёвен-нахуствазири Шветсия, ки шаби гузашта вориди Теҳрон шуд, субҳи шанбе пас аз истиқболи расмӣ аз сӯи раисиҷумҳури Эрон, бо вай вориди музокира шуд.
Барқарории масири транзит байни Аврупои Шимолӣ ва Шарқӣ ба Уқёнуси Ҳинд аз тариқи Эрон, масоили минтақаӣ ба вижа Афғонистон, Ироқ, Сурия, Яман ва Фаластин аз мавзуоти музокироти дуҷониба, миёни сарони Эрон ва Шветсия буд.