Феврал 12, 2017 15:14 Asia/Dushanbe
  • Касби 4 медал барои камондорони эронӣ дар мусобиқоти ҷаҳонӣ

Камондорони Эрон дар рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии дохили толори тиру камон дар Лас Вегаси Амрико як медали тилло, ду нуқра ва як бурунз касб карданд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи хабаргузории Садо ва Симо, дар дуввумин рӯз аз  марҳалаи якчаҳоруми поёнии рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии дохили толори тиру камон, ки бо ҳузури 46 кишвар дар Лас Вегаси Амрико дар ҳоли баргузорӣ аст, камондорони эронӣ дар радаи синии ҷавонон ва дар бахши “recurve”-и духтарон тавассути Парисо Рӯҳониён муваффақ ба касби медали тилло ва Мубино Фалоҳ ба медали бурунз даст ёфтанд.

Ҳамчунин дар бахши писарон Ризо Шаъбонӣ дар бахши “recurve” ба медали нуқра даст ёфт.

Дар бахши “recurve”-и духтарон дар радаи синнии навҷавонон низ Савганди Раҳмонӣ муваффақ ба касби медали нуқра шуд.

Рақобатҳои Ҷоми ҷаҳонии дохили толори тиру камон дар бахши компунди ҷавонон ва навҷавонон дар Лас Вегаси Амрико дар ҳоли баргузорӣ аст.

Барчасп