Эрон пешгоми муқобила бо силоҳҳои куштори ҷамъӣ аст
Муовини вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, Эрон аз пешгомони таҳия ва омодасозии конвенсиюн ва аз ҷумлаи муассиртарину фаъолтарин кишварҳои ҷаҳон дар муқобила бо силоҳҳои куштори ҷамъӣ, ба вижа силоҳҳои кимиёӣ будааст.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, Сайид Аббоси Ироқчӣ, муовини умури ҳуқуқиву байналмилалии вазири хориҷаи Эрон асри душанбе дар Теҳрон, дар маросими рӯнамоӣ аз китоби “Ҳамроҳ бо маҷрӯҳони шимиёии Эрон; 20 соли имдодрасонии байналмилалӣ” афзуд: “Торих ҳамалоти дадманишонаи кимиёии режими баъси Саддом, диктатори эъдомшудаи Ироқ ба мардуми бедифоъ ва ғайринизомӣ дар Эронро фаромӯш нахоҳад кард”.
Ироқчӣ гуфт, дар пайи корбурди густардаи силоҳҳои кимиёии Ироқ алайҳи Эрон, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати муқобила бо ин падидаи шум пай бурду конвансиюни манъи тавсеа, тавлид, анбошт ва корбурди силоҳҳои кимиёиро тасвиб кард.
Муовини вазири хориҷаи Эрон тавзеҳ дод, вуҷуди ҳазорон шаҳиду даҳҳо ҳазор ҷонбози кимиёӣ дар Эрон, рисолати сангинеро дар арсаҳои байналмилалӣ барои расонидани паёми мазлумияти онҳо ба гӯши ҷаҳониён эҷод кардааст.
Муовини вазири хориҷаи Эрон таъкид кард, ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳанӯз аз умқи дарду ранҷи даҳҳо ҳазорон масдуми эронӣ ва ироқии силоҳҳои кимиёӣ ноогоҳ аст.
Ироқчӣ ибрози умедворӣ кард, мунодиёни сулҳ дар Эрону ҷаҳон битавонанд бо чунин ибтикороти арзишманде паёми сулҳи қурбониёну масдумони кимиёиро ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд.
Китоби “Ҳамроҳ бо маҷрӯҳони шимиёии Эрон; 20 соли имдодрасонии байналмилалӣ”, навиштаи Шизоко Тсуо, узви Анҷумани ҳимоят аз қурбониёни силоҳҳои кимиёӣ ба мавзӯи қурбониёни ин силоҳҳо ва зиндагии онҳо дар Эрон ихтисос дорад.