Рӯҳонӣ: Эрон пои имзои худ истодааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13402-Рӯҳонӣ_Эрон_пои_имзои_худ_истодааст
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон то замоне, ки тарафҳои муқобил ба тааҳҳудоташон пойбанд бошанд, пои тааҳҳудот ва имзои худ хоҳад истод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 14, 2017 13:28 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Эрон пои имзои худ истодааст

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон то замоне, ки тарафҳои муқобил ба тааҳҳудоташон пойбанд бошанд, пои тааҳҳудот ва имзои худ хоҳад истод.

Ба иттилои Ирно, Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи сешанбе дар дидори вазири хориҷаи Люксембург бо ёдоварии равобити хуби ду кишвар ва аҳаммияти густариши ҳамкориҳои молӣ, бимаӣ ва бонкӣ гуфт: Имрӯз калиди аслӣ дар ҳамкориҳои иқтисодӣ, масоили бонкӣ ва бима аст ва ҳамкориҳои ду кишвар дар ин арса метавонад пояи бисёр хубе барои тақвияти беш аз пеши равобити муштараки иқтисодӣ бошад .

Рӯҳонӣ ба фурсатҳои пас аз тавофуқи ҳастаӣ ва заминаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои нафт, газ, петрошимӣ, ҳамлу нақл, маодин ва санъат дар Эрон ишора карду гуфт: Эрон аз яксӯ метавонад бахше аз энержии мавриди ниёзи Аврупоро таъмин кунад ва аз сӯи дигар масири транзитии муҳиме барои пайванди Аврупо ба уқёнуси Ҳинд ва минтақаи шарқи Осиё бошад .

Рӯҳонӣ бо ишора ба масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ афзуд: Масоил ва мушкилоти фаровоне назири терроризм ва ифротигарӣ фарорӯи ҳамаи мо аст ва ройзанӣ ва ҳамкории Эрон ва Иттиҳоди Аврупо метавонад бисёре аз ин мушкилотро коҳиш диҳад .

Жан Асселборн, вазири умури хориҷаи Люксембург низ дар ин дидор аз ниҳоӣ шудани тавофуқномаи ҳамкорӣ миёни бонкҳои марказии Эрон ва Люксембург хабар дод ва ёдовар шуд: Эрон кишваре бузург дар минтақа аст ва мо ва Иттиҳоди Аврупо бар нақши муҳим ва муассири Теҳрон дар ҳаллу фасли масоили минтақаӣ бовар дорем .

Вазири хориҷаи Люксембург бо баёни инки, кишвараш ҳамонанди дигар аъзои Иттиҳоди Аврупо аз ҳомиёни тавофуқи ҳастаӣ аст, тасреҳ кард: Дар тавофуқоти чандҷониба, ҳамаи тарафҳо бояд ба тааҳҳудоташон пойбанд бошанд ва сулҳ бидуни чандҷонибагароӣ ва таваҷҷуҳ ба тавофуқоти чандҷониба муҳаққақ намешавад .