Афзоиши 20 баробарии ғанисозӣ дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i13406-Афзоиши_20_баробарии_ғанисозӣ_дар_Эрон
Сухангуи Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Зарфияти ғанисозии уран дар ҷумҳурии исломии Эрон ба 20 баробар афзоиш меёбад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 14, 2017 14:28 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 20 баробарии ғанисозӣ дар Эрон

Сухангуи Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Зарфияти ғанисозии уран дар ҷумҳурии исломии Эрон ба 20 баробар афзоиш меёбад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангу ва муовини умури ҳуқуқӣ, байналмилал ва парлумонии Созмони энержии атомии Эрон гуфт: сентрифугаҳои IR-8 дар марҳалаи озмоиш бо гази урани ғанишуда аст ва пас аз поёни озмоиш ба тавлиди анбуҳ мерасад .

Сентрифугаҳои IR-8 аз пешрафтатарин сентрифугаҳои тарроҳӣ ва сохташуда тавассути донишмандони Эрон аст, ки озмоишҳои механикии худро таи се соли гузашта бо муваффақият пушти сар гузоштааст.  

Камолвандӣ афзуд: Ҳамакнун ғанисозӣ бо сентрифугаҳои IR-1 анҷом мешавад, ки зарфияти ғанисозии он як сӯ дар сол аст, аммо сентрифугаи IR-8 зарфияти ғанисозии 20 сӯ дар солро дорад, ки бо тавлиди анбуҳи ин дастгоҳ, зарфияти ғанисозӣ 20 баробар мешавад .

Муовини Созмони энержии атомии Эрон афзуд: Сохти ин дастгоҳ, ки таҳаввули муҳиме дар санъати ҳастаӣ ва ғанисозӣ аст, дар БАРҶОМ пешбинӣ шуда ва хилофи ин тавофуқи байналмилалӣ нест .

Камолвандӣ ҳамчунин аз рӯнамоии 20 дастоварди ҷадид дар ҳавзаи тавлиди анвои радиодору дар бахшҳои мухталиф дар авоили баҳори оянда хабар доду гуфт: Эрон дар ҳоли тавлиди анвои радиодору аст, зеро ин фароварда нақши муҳиме дар дармон ва ташхис дар илми пизишкӣ аз тариқи ташашшуъ ифо мекунад .