Феврал 15, 2017 16:35 Asia/Dushanbe
  • Бартарии амалкарди иқтисоди Эрон дар миёни иқтисодҳои ҷаҳон

Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон гуфт: Бар асоси омори Бонки ҷаҳонӣ, Эрон беҳтарин амалкардро дар миёни иқтисодҳои ҷаҳон доштааст.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Алии Тайибниё, вазири умури иқтисодӣ ва дороии Эрон бо ишора ба рушди 7,5 дарсадии иқтисоди Эрон афзуд: Рушди иқтисодии Эрон дар ҳамаи бахшҳои иқтисодӣ ба ҷуз сохтмон мусбат будааст .

Тайибниё гуфт: Барои нахустин бор тарози тиҷории Эрон мусбат шуда ва мизони содироти ғайринафтӣ як миллиард доллар бештар аз воридот будааст .

Вазири иқтисоди Эрон афзуд: Содироти Эрон дар соли 2016 ба лиҳози вазн 30 дарсад ва ба лиҳози қиммат 24 дарсад нисбат ба соли 2015 афзоиш доштааст .

Вазири иқтисоди Эрон тасреҳ кард: Вобастагии Эрон ба нафт ва давлатӣ будани иқтисод дар ҳоли коҳиш аст .

 

Барчасп